Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар талаби омурзиши мардумон дарбадар бошӣ, аз равшанӣ канор гирифтанат чӣ маънӣ дорад?
Ранги осмон ҳам тадриҷан тағйир меёбад, аз тираи тор ба нилгуни сиёҳтоб табдил меёбад. Лекин дар домани кӯҳҳо ҳанӯз дигаргуние нест. Аҷаб, одамон аз табиат сол то сол бештар дур мераванд. Пештар аз касе пурсед, ки моҳ чандрӯза шудааст, фикр накарда, ҷавоб медод. Ҳоло аз мардуми шаҳр ба сад кас савол диҳед, ки моҳ чандрӯза шудааст, эҳтимол фақат як-дутоаш посух дода тавонад. Касеро ба ҷуз мунаҷҷимон ба ҳаракати моҳ коре нест. Вай мусофири ба деҳаи ношинос афтода барин худ ба сари худ тулӯъ мекунад, ғуруб мекунад, нав мешавад, кӯҳна мешавад.
Оё сабаби ба чунин аҳвол афтодани Саидбек низ аз ҳамин қабил нест? Амиқтар фикр кунад, маҳз аз ҳамин ришта аст. Пештар ҳар касе қадам ба пайроҳаҳои душворгузари кӯҳистон мениҳод, пайваста дар ёд дошт: «Аё сайёҳ, дар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош!». Акнун кӯҳсори саркашро фармонбардори худ кардаем, гуфта бепарво шудаанд. Аз дили кӯҳ роҳҳои васеъ кушодаанд, нақбҳои тӯлонӣ кандаанд, хатҳои нақли электр аз оғӯши абрҳо, ҳатто аз болои абрҳо гузашта, водиҳо, ноҳияҳоро ба ҳам пайваст мекунанд. Мавзее нест, ки барои автомобил ва ҳавопаймо дастнорас бошад. Агар ин гуна макон ёфт шавад, ба он ҷо вертолёт ҳозир мешавад.
Ана ҳамин нашъаи ғалаба бар кӯҳсори саркаш ҳамаро сармаст кардааст. Саидбекро низ.
Боз як ҳавопаймо аз фазои дара гузашта, ба ҷануб рафт.
Инаш, эҳтимол, аз кадоме аз курортҳо меояд, аз дил гузаронид Саидбек. Ҳавопаймоҳои байни шаҳрҳою курортҳо, аз чӣ сабабе бошад, аксаран шабу ними шаб парвоз мекунанд.
Саидбек кӯшише кард, ки садои моторро бишнавад. Аммо чизе нашнавид. Пас ба шарфаи наҳр гӯш доду боз садое нашнавид. Чӣ шуд? Оё аз қабати поёни дара шамоли тунде вазида, шуввоси обро ба сӯи водӣ мебарад? Бале, дар кӯҳистон гоҳо ҳамин гуна ҳавои чандқабата муддате ҳукмрон мешавад, ки дар наздикии замин бод сайр мекунаду дар баландии қуллаҳо – сукунат ё баръакс. Аммо боде, ки дар поён гӯё мевазад, наход ҳамин қадар тезу тавоно бошаду ақаллан доманаш ба ин ҷо, ба гӯшаи новаи Саидбек хобида нарасад?

пешина
аз 248
навбатӣ