Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳа, аҷиб аст қорҳои дунё: устои бетонрезе дар заводи масолеҳи бинокорӣ рӯзе аз рӯзҳо аз кори дастгоҳи бетономез фақат лаҳзае бехабар мемонад ва пас аз ду соли дигар ошиқе дар шаби баҳорон ба сими урёншудаи бетонтахтаи он усто пешпо хӯрда меафтаду дар пеши дилбараш ғарқи хиҷолат мешавад...
Аммо шираи он шахи афсурда куҷо рафтааст? Инро заминшиносон медонанд. Дар назари онҳо ҳамаи ин кӯҳу дарёву даман ҳарфи оддӣ, китоби алифбо барин чизи равшан.
Хурдтарин ченаки вақт барои эшон миллион сол... Кӯҳҳои Тоҷикистонро назар ба дигар кӯҳҳо кӯдак мегӯянд ва касе намехандад. Ҷое, ки Саидбек хобидааст, дар дидаи онҳо рӯзномаи кӯҳнаи зарду фитшуда барин манзараи муқаррарист.
Саидбек оид ба сангҳо, доир ба пайдоиши онҳо, умри онҳо, оғозу анҷом, навъҳо, хелҳои онон ягон китоби махсус нахондааст. Ва ҳол он ки аз соҳаҳои гуногуни илм бисёр набошад ҳам, ба қадре ки ҳамкасбон ва ҳатто муалимонаш кофӣ мешуморанд, воқиф буд. Аз баъзе бобҳои дониш, аз чи сабабе бошад, аз ҳадди лозима зиёдтар китобҳои илмӣ ва оммавӣ хондааст. Чунончи, оид ба ҳавопаймоӣ ва ҳавопаймоён ва дар хусуси ҷуворимакка. Аз таълимоти институт аз боби муқовимати моддаҳо (сопромат) оид ба табиати санг ҳамин қадар дар ёд дорад, ки мазбутии он ба микдори кварси дар таркибаш омехта вобаста аст ва сангҳо асосан ду хел мешаванд: хоро ва лоӣ. Ва ҳамин нуқта ҳам аз он сабаб дар хотираш таҳшин шудааст, ки марҳум муаллими сопромат то ба онҳо фаҳмонидани ҳамин боб ва ба хусус мафҳуми кларки аносири химиёвӣ хуни ҷигар шуда буд. Кларки аносир, яъне унсурҳои химиёвӣ...
Одамон пешомадашонро медонистанд, бисёр корҳо мекарданд. Ҳазлкаше гуфтааст, ки агар медонистам падарам мемурад ва муфт зери хок мешавад, ақаллан ба як коса сабӯс иваз мекардамаш...
Моҳ баромад. Ҳанӯз қурси худаш намоён нашудааст, фақат партаваш ҳо он қуллаи барфинро равшантар кард.
Фосилаи байни фиғонҳои чуғз ҳам тӯлонитар шуд. Вай аз равшаноӣ ҳазар мекунад, мегӯянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё