Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Дар хонаи тағояш. Меомадагист, – ҷавоб дод занаш бо абрувони гирифта.
– Чаро «меомадагист» мегӯӣ? Барои чӣ аз қавоқат барфу борон меборад? Ё алҳазар! – шӯрида рафт Абдурауфамак.
Он гоҳ занаш ҳодисаи он рӯз рӯйдодаро нақл кард. Усто пешинӣ бист дона тухми мурғро ба рӯймоле баста, ба дасти Нодирҷон додааст, ки ба Ҳисорак, ба хонаи фалонӣ рафта, ба тухми мурғҳои вай иваз карда биёрад. Усто мехостааст, ки ба он мурғи дер куркшудааш аз тухмҳои асил чӯҷа хобонад.
Нодирҷон бист дона тухми муқаррариро ба понздаҳта калон-калонаш иваз карда омадааст. Хосияти тухмҳои нав ин будааст, ки хурӯси селаи мурғоне ки он тухмҳоро ба дунё овардаанд, аз зоти хурӯсҳои кулангӣ будааст. Бинобар ин аз чӯҷаҳои он тухм мурғҳои калон-калон ба воя мерасидаанд ва минбаъд ҳамин гуна тухмҳои кулангӣ мезоидаанд.
Шогирд тухмҳоро то ба ҳавлии устод саломат расонида, дар рӯи ҳавлӣ ба чизе пешпо хӯрда афтодааст. Тухмҳои таърифӣ якта намонда шикастаанд. Зани усто ин ҳолро дида: «Эҳ, нӯноқ, эҳ бачаяки нобарор!» гуфта, коҳиш кардааст, аммо ваҷоҳати Нодирҷонро дида, дилаш сӯхта дилдорӣ додааст. Дар ин вақт Усто Оқил аз хона баромада, аз воқеа огоҳ шудааст ва бачаро дашном дода, пеш кардааст.
– Дафъ шав, касофат! Дую дубора башараат ба назарам натобад, – гуфтааст Усто Оқил дар сари хашм.
Абдурауфамак дар дунёи равшан то он рӯз як кам панҷоҳ сол умр дида бошад ҳам, фарқи байни тухми оддию кулангиро намедонист. Вай умуман ба мурғу мурғпарварӣ ҳавас надошт. Дар ҳавлие ки мурғ ҳаст, як ваҷаб замини ҳалол нест, аз «дасти» мурғ ҳеҷ чиз кошта, рӯёнда намешавад, – мегуфт ӯ бо нафрат рӯ турш карда.
Бо вуҷуди ин аз куҷоҳо як сабадча тухм ёфта, ба кадом як деҳаи дурдасте рафта, ба тухми мурғҳои хурӯсаш кулангӣ иваз карда омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё