Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Бисёр кор нафармояд ҳам, кӯшиш мекард, ки писараш ба қадри имкон бештар дар коргоҳаш бошад, ба амали падар зеҳн монад ва ба касби вай меҳр пайдо кунад.
Аммо «дили модар ба фарзанд, дили фарзанд ба фарсанг»
гуфтанӣ мақол барин, писари усто дами холиро ки ёфт, ба пеши мошину тракторҳои колхоз давида мерафт. Бисёр мешуд, ки ҳамсояҳо ин писараки кунҷкови нооромро дар бинои партови истгохи барқ медиданд. Вай ба он бино аз чорчӯбаҳои оинааш шикастаи тиреза даромада, дар байни тасмаҳои даридаи чанголуд, динамо – мошинҳои занг пахшкарда муддатҳои дароз хаёломез мегашт, ба чархҳои калони дастгоҳи ҳаракатдиҳанда часпида, дасту рӯи худро ба равғани сиёҳ олуда мебаромад.
Нодирҷон бошад, баръакс шефтаи ҳунари Усто Оқил буд. Агар модараш барои чизе ба хонаи ҳамсоя фиристад, камаш як соат ғоиб шуда мерафт. То модар аз сари девор гаштаву баргашта фарёд накунад, аз пеши Устоамакаш дур намешуд. Дар хона ҳам аз куҷое бошад, рандаву теша, арраву исканаҳои гуногуни кӯҳна, вале нағз тез кардашуда пайдо мегардиданд. Нодирҷон барои укаҳояш ва бачаҳои гирдупеш курсичаҳо, аспчаҳо, сепояҳои чархдоре сохта медод, ки кӯдакони нав ба роҳ даромада онро дошта қадаммониро машқ мекунанд.
Боре Абдурауфамак аз боғи худ як лаълӣ гелоси сиёҳи саврӣ чинонида, ба ҳавлии Усто Оқил гузашт ва дар зимни сӯҳбат хохиши деринаи худро арз кард, ки Нодирҷонро ҳамсояаш ба шогирдӣ бигирад.
– Бача ба касби шумо дил бастааст. Ба хаёлам, шабҳо дар хобаш ҳам тақар-туқур чӯбкорӣ мекунад, – гуфт Абдурауфамак бо оҳанги илтиҷоомез.
Усто Оқил дарҳол ҷавоб надод. Муддате риши ғуллии сиёҳашро қабза карда ба хаёл рафт. Пас теғаи бинии паҳни кӯтоҳ ва чинҳои пешониашро молиш дода, гуфт:
– Майлатон. Лекин саросема нашавед. Ба таътил барояд, сонӣ.
Тобистон Нодирҷон тақрибан як моҳ ба Усто шогирд истод. Як бегоҳӣ Абдурауфамак Нодирҷонро дар хона надида аз модараш пурсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё