Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

гӯён аз зулмотхонаи худ то миён ё то ба зону берун баромадаанд ва ҳусни заминро рӯзона, зебоии осмонро шабона дида ва маҳвумот гардида, дар ҳамон ҳолат шах шуда мондаанд...
Саид Амон пай бурд, ки ногоҳ сар то сари деҳа хомӯшӣ ҳукмрон гардид: садои гуппизанӣ қатъ шуд. Ғурросу шақарроси дастгоҳе, ки дар соҳили дарё аз саҳар инҷониб барои бетонрезӣ санг мекӯфт, хомӯш гардид. Дар кӯчаву тангкӯчаҳои деҳа бачаҳо давутоз ва шавқуну сурон мекарданд. Касе ба сари онҳо итобомез бонг зада, пароканда намуд. Фақат гоҳ-гоҳе боди роҳгузар шуввоси Панҷи пурхурӯшро, ки аз қаъри маҷрои сангинаш бармехост, дар фазои дара, дар болои киштзор, марғзор ва сангзорон паҳн менамуд.
Хомӯшии ногаҳонӣ дар дили кас ҳисси ташвиш ва хавотиромезе илқо мекунад. Саид Амон ноором шуда, аз ҷояш бархост ва ба сӯи айвончае, ки соҳибони хона ҷои хобу истироҳаташ таъин карда буданд, равон гардид.
– Биё, меҳмон, – гуфт соҳибаи хона, зани миёнсоли баландболо ва сафедрӯй, ки тӯппии мудаввари зардӯзиашро то ба сари абрувонаш фароварда пӯшида буд.
– Биё, – такрор кард ӯ ва чароғи электри дар сақфи айвонча овезонро даргиронида, ба рӯи палоси нақшине, ки дар пеши симкати камбари яккаса паҳн карда шуда буд, дастархон партофт. Ба рӯи дастархон ду-се нон, косаи ҷуғрот ва дар табақчае намак гузошт, ба ошхонаи худ баргашт....
«Аҷаб, якбора ҳама ҷо хомӯш шуд. Наход аҳди ин деҳа аз ҳамин вақт ба хоб рафтанӣ бошанд?» Саид Амон ин мулоҳизаро ҳанӯз аз дил нагузаронида, аз куҷое садои тор баромад. Овози он ба танбӯр монанд буд. Меҳмон ҳама тан гӯш гардид. Садо аз боло, аз ҷониби хонаҳое меомад, ки мисли поғундаҳои зинаи бузурге яке аз дигаре баландтар ба фарози доманакӯҳ часпида мебаромаданд.
Соҳибаи хона косаи пур дар даст ба назди айвон пайдо шуд ва меҳмонро ба имою ишора ба поён даъват намуд.

пешина
аз 248
навбатӣ