Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Муҳаммадмурод ба рӯи тахтасанге пушт ба онҳо гардонида бо сари хам менишаст.
– Боз гиря ҳам мекунад, сакалту, гарданат шиканад илоҳӣ, – гуфт мӯйсафед. – Муттаҳам!
Муҳаммадмурод аз ҷояш хеста, куртаашро баровард, баъд ба мӯзакашӣ даромада буд, ки Аҳмадбек бо пирамард хайрухуш карда, дубора ба сӯи қишлоқ равон шуд.
«Оббозӣ кунад, ба худ меояд. Ванҷобро бахосият мегӯянд» аз дил гузаронид Аҳмадбек.
Қурси моҳ ба миёнаи осмон расида буд. Охирин чирчиракҳо низ хомӯш шуда буданд. Дар сар то сари водии паҳновар фақат нури фаровони моҳ ва шуввоси Ванҷоб ҳукмрон буд.
СОЗИ МУНАВВАР
Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест.
С а ъ д ӣ
Саид Амон дар канори гандумзор рӯи намадпорае такя бар танаи тути пир дода менишаст.
Қурси офтоб кайҳо аз назар пинҳон шуда буд, вале дар самти шарқии дара кулоҳи барфини кӯҳ аз шуоҳои охирини он ҳанӯз чун тоҷи арӯсон заррин ва дурахшон буд.
Аз кадом як ҳавлӣ садои пасту мунтазами гуппизанӣ меомад. Аз поён, аз тарафи роҳи калон баоси модаговҳои аз пода баргашта шунида мешуд, ки ба даъвати бетоқатонаи гӯсолаҳошон ҳамчунон беқаророна ҷавоб медоданд.
Саид Амон аз он ки имрӯз кораш барор кард, хушҳол буд. Вай аз касби худ – фолклоршиносӣ, аз он ки ба ин гӯшаи дурдасти Бадахшон омадааст, аз одамони имрӯз шиносшудааш, аз ин бегоҳирӯзии пурфайз, аз рангҳо ва садоҳои дилфиреби деҳачаи хурди озода, – хулоса аз ҳама чиз хурсанд, розӣ ва мамнун буд.
Ӯ ҳоло харсангҳоеро, ки ҳар ҷо – ҳар ҷои гандумзор ва санглохи он сӯи киштзор ба назар метофтанд, ҳарисона тамошо мекард. Онҳо фақат дақиқае қабл аз ин ба худ ранги тираи бунафштоб гирифта буданд ва дар нимторикии оғози шаб ба назари Саид Амон ҳамчун махлуқони саропо асроромези зеризаминӣ мерасиданд, ки як вақтҳо, шояд ҳазор ё даҳ ҳазор сол пеш асири шавқи кунҷковӣ шуда, «канӣ, дар рӯи замин чӣ гап бошад?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё