Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Димоғи Аҳмадбек он рӯз сӯхта ва хавосаш парешон буд.
Аз дасти паҳлавони навбаромад Муҳаммадмуроди ҳангоматалаб чанд бор шуд, ки маъракақои хурсандӣ барои ӯ бо парешонӣ ва нохушӣ анҷомидааст.
Вай баъди пешин ба сари кӯча баромад, то ки дар он ҷо ба ду-се нафар ҳамқишлоқиёни худ ҳамроҳ шуда ба тӯйхона равад. Ногоҳ аз пас садои ҳамин Муҳаммадмурод баланд шуд, ки ӯро ном гирифта фарёд мекард. Аҳмадбек ба қафо нигарист. Паҳлавони ҷавон нимҷуволаи тахмин чаҳорпудиро дар паҳлуи чап озод бардошта меомад. Якин дар нимҷувола орд буд, ки гарди он ба рӯй зада, рӯи халта, остини чап ва як тарафи шими Муҳаммадмуродро сафед карда буд.
Ҷавон ба назди Аҳмадбек расида, бидуни он ки халтаи ордро ба замин гузорад, аввал дасти холии худро ба аломати таъзим ба сари сина гузошта, сипас дасти ба вохӯрӣ дарозкардаи Аҳмадбекро фишурд.
– Саҳат-саломатак ҳастед? Бардам-бақувватед? Камнамоед? Кайҳо боз надидаем? Соҳиби тӯй илтимос кард, ҳамин ордро ба тӯйхона бурда истодаам. Шумо ҳам он ҷо меравед?
Пас ҳамроҳ меравем, – мегуфт.Муҳаммадмурод тӯтивор суханҳоро беоҳанг пайи ҳам қатор карда ва дар айни замон дасти рости Аҳмадбекро миёни панҷаҳои оҳанини худ гирифта мефишурд. Фишори дасти ҷавон лаҳза ба лаҳза қувват мегирифт.
Аҳмадака ки ҳаргиз нияти зӯрозмоӣ надошт, дар ҳолати начандон устувор ба Муҳаммадмурод паҳлуи росташро гардонда меистод, Вай ба пурсупоси паҳлавони ҷавон бо чеҳраи кушод, вале андаке бо оҳанги дилтангона ҷавоб медод ва ба қадре, ки ба ҳардуяшон аён буд, мекӯшид, ки дасти худро аз чанги паҳлавони ҷавон вораҳонад.
Агар дар ин кӯчаи беодам ҳоло касе пайдо мешуду ин пурсупосу дастфишориро медид, гумон мекард, ки паҳлавони ҷавон ба паҳлавони машҳур арзи эҳтироми шогирдона мекунад. Аммо дар воқеъ «шогирд» нияте надошт, ки дасти устодро ба ин зудӣ раҳо намояд.
Ба машоми Аҳмад-паҳлавон бӯи шароб расид. Вай дид, ки илоҷи дигаре нест, агар муқобилат накунад, тазъиқи дастони ҷавонмард ба андозаест, ки ҳамин ҳоло нохунҳои Аҳмадбек парида, буғумҳои панҷааш нарм хоҳанд шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё