Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Аҳмадбек ҷавоб додааст, ки рафта наметавонад, чунки ба сардорон то пагоҳ тамом кардани шудгори он заминро ваъда кардааст. Қосид ба роҳи омадааш баргаштааст. Аммо пас аз соате ҳамроҳи як деҳқони Деҳи Боло ва раиси ташкилоти физкултура боз омадааст. Раиси физкултурачиҳо марди деҳқонро аз калонҳои колхозаш махсусан талабида оварда будааст, ки кори Аҳмадбекро имрӯз то бегоҳ давом диҳад.
Аҳмадбек ноилоҷ ба гӯштингирӣ рафтааст, аммо деҳқони ба ҷои ӯ омада, ақаллан фурсати як чойник чой нӯшидан нагузашта, ба ҷарӣ ғелида, китфи худро ба қирраи тези кундаи дарахте зада ҷароҳатнок кардааст.
Аз ҷанги чаҳорсола сиҳат-саломат баргаштани Аҳмадпаҳлавон ҳам дар вақташ боиси ҳар гуна шарҳу маънидодкуниҳо гашта буд. Охир дар сар то сари кӯҳистони Дарвоз хонаводае набуд, ки як ё ду мардинаро талаф надода бошад, ё ақаллан касе аз он хонавода маъюбу маслуқ барнагашта бошад. Лекин Аҳмадбек чуноне ки рафта буд, ҳамон хел сиҳат-саломат омад. Фақат як бор гулӯлаи тӯпи дурзани душман дар наздикиаш таркида, бар болои ӯ, ки дарҳол худро ба замин парӯ карда буд, тахмин чил-панҷоҳ замбар хокро бардошта партофтааст. Рафиқонаш ӯро аз зери хок кашола карда гирифтаанд. Пас аз ин як моҳи расо ӯ чизе намешунид. Косахонаи сараш гӯё лонаи занбӯр шуда бошад, пайваста ғуввос мезад, гоҳо андаруни ҳар ду гӯшаш баробар чизе ҳуштак мекашид. Духтурҳо ё рафиқонаш гап зананд, Аҳмадбек ҷунбидани лабу даҳони онҳоро медид, аммо ба гӯшаш фақат садои «гум-гум – гум», «бам-бам бам»
мерасиду бас.
Баъди як моҳ Аҳмадбек ба саф баргашт.
Вақте ки ӯ ба ҳамдиёрон аз қиссаҳои ҷанг нақл мекард, ҳикояти оддии беобуранг ва бемуболиғаи ӯро бо диққат ва эҳтиром гӯш мекарданд. Вале қисме аз сомеон ба рӯи худи Аҳмадбек нагӯянд ҳам, дар дили худ мегуфтанд ё дар ғайбаш ба ҳамдигар такрор мекарданд, ки ӯ шахси назаркарда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё