Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Рӯзи истироҳат ӯ ба куҷое мерафтааст.
Ман ин гапҳоро барои ҳамин якта-якта гуфта истодаам, ки нохуштарини «корномаҳое» ки Ҷага кардааст, маҳз ҳамон рӯзи якшанбе рӯй дод ва дар хона набудани амаки Миша оқибати он корномаро ин қадар вазнин кард.
Гап дар ин ки Озода дари кӯчаро даме кушода мондааст.
Ҷага фурсатро муносиб ёфта, тозон ба кӯча баромад ва ба Рекс дарафтод. Вақтҳои охир вай ҳамин хел маврида кофта мегашт. Гӯё аз ҷанг накардан бо ҳамҷинс дилаш занг баста буд. Аз шиддати хашму ғазаб ва адовати бесабаб чунон сахт нолишкунон аккос мезад, ки худаш аз садояш нафастанг мешуд. Аз ҳама чиз хашмгин буд: аз тақ-тақи дар, садои ба ҳам бархӯрдани зарфи таом дар ошхонаи ҳамсоя, аз бонги хурӯс, занги велосипеде ки аз кӯча мегузашт...
Чирроси Лена ба осмон печид:
– Ҷамол, тез биё, сагат мурд.
Ин дафъа Рекс ӯро бо пояш зада намеафтонид, балки аз пушти гарданаш газида, озод ба ҳаво мебардошт ва мисли он, ки Ҷага саги яксола нею гурбаяке бошад, ба ин сӯву он сӯ алвонҷ дода, ҳатто дар болои сараш чарх занонида, ба каноре меғурронид. Ҷага бо тамоми овоз нӯлакашон аз ҷой мехест ва боз лангида-лангида омада ба Рекс ҳамла мекард.
Дар гарданаш занҷир мешуд, доштанам осонтар мегардид.
Лекин дар ин ҳолат ба вай наздик шуда натавонистам. Дарди сӯзандоруҳо ҳанӯз фаромӯш нашуда буд.
– Ҷамол! Ҷамол, мегӯям! Мошина тела те, ман бароям! – аз он сӯи дарвоза додом фарёд мекашид, аммо садои ӯ гӯё ба гӯши ман намедаромад.
– Лена, Ленаҷон, сагата ҷеғ зан, – зорӣ мекардам ман.
Лена мегуфт, ки Рекс гапи ӯро гӯш накард. Вай на ба Ҷага, на ба тамошобинони атроф наздик намешуд, дар як ҷой меистод, фақат ба мудофиаи худ машғул буд гӯё, аммо андомаш, ғурришаш чунон буд, ки касеро ёрои наздик рафтан набуд.
Вақте ба худ омадам, ки модарам аз дастам кашида, ба ҳавлиамон даровард. Ҳамроҳи ӯ дукаса мошинро тела медодем. Ба назарам, як умри дароз бо ин кор машғул будем.
Сонӣ маълум шуд, ки додом аз телбагӣ хишти зери чархҳоро нагирифта, ба мо таъна мезадааст, ки зӯратон куҷо рафт, шумо ду ноӯҳдабаро якта мошинчая аз ҷояш ҷунбонда наметавонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё