Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

То аз дар баромадан ният доштам, ки ҳамин ки дастгир кардам, миллачаи зардаша ба дастам печонида, ба лаби ҷӯи кӯча кашола карда бараму сараша хам карда, биниаша ба оби кафлесакдори бӯнок ғӯтонда гирам. Аммо дар нигоҳи ӯ аз кинаю хашм осоре надида, гӯё тарбуз аз бағалам афтода бошад, дар наздаш шах шуда мондам.
– Шин, охир, пурс. Канӣ, чия нафаҳмидӣ? – гуфт Лена ва китобро аз дастам гирифту кушода, ба тамошои суратҳо сар кард.
Дар паҳлӯяш нишастам. Аз ӯ, мисли он коргарзани яктаҳи сафедпӯши заводи нон, бӯи шоколад меомад. Боз бӯи либоси нав шуста дарзмол кардагӣ ва камакак бӯи бунафша. Мӯи модараш хушрӯ карда бофтагӣ тилои зард барин ҷило медод. Дар дилам гуфтам, ки агар Ҷагая дигар масхара накунад, вая хоҳарам барин дӯстдорӣ мекунам.
Ҳатто хоҳише пайдо шуд, ки миллачаи нарми тилорангаша даст зада навозиш кунам.
– Хайр, бигӯ, охир, чия нафаҳмидӣ? – боз пурсид Лена.
Ман «ҳозир» гуфта, ба хона давидам. Аз олуболуи пагоҳӣ чидаам як коса шуста ба таки дар баровардам. Олуболу мехӯрдем. Рекс баромада, дар пеши пои ману Лена дароз кашид. Лена донаки олуболуро миёни ангуштонаш фишурда ба сару гардани Рекс мепарронид. Саг хеста, ба ӯ андешамандона нигоҳе афканду дуртар рафт. Олуболу тамом шуд. Лена аз хонаашон як доман себча баровард. Себчаи исканаи ширину хушбӯй, ки думчаю донакаш катӣ хоида фурӯ баред ҳам, бамаза...
Рӯзи якшанбе додом аз саҳари солеҳон ба таки мошинаш даромад. Аввал худаш ба даруни чуқурии гараж фаромад, ману модарамро фармуд, ки москвича оҳиста тела дода, ба болои чуқурӣ оварем. Мо ҳамин тавр кардем. Баъд додом ба таки чархҳо хишт монда, ба кор сар кард. Ҳар замон ба ман амр медод, ки фалон калида те, сатила биёр, тағорая бардор ва ҳоказо. Аслан ин корҳоро мебоист ҳамроҳи амаки Миша мекард. Худи ӯ дар сари шоҳмот ваъда дода буд, ки рӯзи истироҳат ёрмандӣ мекунад. Аммо динашаб нохост эълон кард, ки фардо якмоҳаи амнияти ҳаракати нақлиёт сар мешудааст.

пешина
аз 248
навбатӣ