Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ҳамсоя биниаша афшонад, сагатон ду соат аккос мезад, шумо хурсандӣ мекардед, ки Ҷага ҳушёр, Ҷага зирак, Ҷага саги сарҳадбонон барин боақл. Ана имрӯз аз линги худатон гирифт. Тоқат кунед акнун.
Аз хулосаи охирини додом боз хулосае бароварда, ману вай ба хондани адабиёти махсус сар кардем. Ба хондани китобҳои доир ба сагпарварӣ. Аз як хел китобе, ки «Сагпарварӣ» ном дорад, додом сета овард. Муаллифҳояш дигардигар, дар шаҳрҳои гуногун чоп шудагӣ. Дар онҳо дар бораи сагҳои ҳушёри милитсия, сарҳадчиён ҳикояҳо бисёр буд.
Бо шавқ мехондам. Сонӣ қатор-қатор мақолаҳо дар бораи режими таълиму тарбияи саг, хӯроку нӯшоки он, гигиенаи сагон, яъне қоидаҳои озода нигоҳ доштани онҳо ва истиқоматгоҳи онон. Дар ҳар китоб то садта сурати сагҳои медалдор, сагҳои чемпион. Гумон надоштам ки навъу зоти саг дар олам ин қадар бисёр будааст. Сагҳои қадбаланду подарози фукборик, сагҳои ғафси калтапои бинипучуқ, сагҳои ҳар кадомаш хар барин калон-калон, сагчаҳои майдаяке ки ба рӯи кафи одам ду-сетоаш баҳузур мегунҷад.
Модарам ҳам якта китоб овард. «Дӯсти мо» номаш. Дар воқеъ саг дӯсти ҳақиқӣ будааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар солдатҳои ярадорро аз майдони ҷанг, аз зери тири туфангу гулӯлаи тӯпу миномёт кашола карда, ба пеши табибон овардааст. Хизмате ки сагҳо дар посбонии сарҳад мекунанд, ёрие ки онҳо дар кофтукови дуздону ҳар гуна ҷинояткорон мерасонанд, ҳар қадар таъриф кунед, меарзад. Дар ҳақиқат саг дӯсти беғарази одам.
Дар охири ҳар китоб дар хусуси касалиҳои саг ҳам мақолаҳо чоп шуда буд. Онҳоро падарам мехонд, чунки ман хонам ҳам, дуруст намефаҳмидам. Ғайр аз ин мақолаҳо, рости гап, бисёр дилгиркунанда буданд.
Дар таки девор суратҳои рангаи китобро тамошо карда менишастам, ки аз болои сарам овози Лена баромад:
– Ҷамол, – гуфт ӯ ки дар сари девор овезон буд. – Барои Ҷага пули калон дода будаед. Ҳамин гап рост?
– Ҳа, гуфтам ва ҳис кардам, ки пичингаш ба ҷигарам ништар барин халид. Сӯзандоруи санбакинститут барин сӯзонида рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё