Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Амаки Эдик розӣ шуд, ки хоҳару додарони ҳамтанаи Ҷагая ба мо нишон диҳад.
– Аммо фақат хонаи яктеша медонам, чунки аз рӯи адрес худам бурда будам. Яктаи дигараша Сангин-пӯлод медонад.
Дар қафои аэропорти кӯҳна ба кӯчаи каҷмакаҷаки Пестел даромада, то ҷое ки мошин мегашт, савора рафтем.
Сонӣ аз дунболи амаки Эдик, ки торафт сергапу хушмуомила мешуд, боз ним соат пиёда гаштем. Соҳиби саг як писари аз ман ду-се сол калонтар будааст. Илтимоси амаки Эдикро шунида, хурсанд шуд, ки ба тамошои саги ӯ ҳамин қадар кас аз ким-куҷоҳо омадаанд.
Сагаш як себи дукафон барин ба Ҷага монанд буд. Ҳамон хел поҳои дарозу базеб, сари синааш бақувват, думаш серпашму хушрӯи каҷакдор. Аммо ором буд, гӯё хушҳолию хушбахтиашро қасдан пинҳон медошт. Соҳибаш ҳар чӣ амр диҳад, зуд иҷро мекард. «Курсӣ, курсии мана биёр!» гуфт писарак. Курсияки майдаи аз химча бофташударо ба дандон газида оварду ба пеши пои соҳибаш монд. Курсӣ ба паҳлу афтода буд, ки онро аз такяаш газида, рост карда монд. «Ба ҷоят!» фармон дод бача. Рафта, ба болои зина ба ду пои қафо нишаст ва лабашро лесида беқаророна ғингос зад. Гӯё мехост бигӯяд, ки боз кор фармо, ман саги қобил ва фармонбардорам.
– Боз ягонтаи дигарашро медидем, хуб мешуд, – гуфт модарам.
– Дигараша Сангинпӯлод медонад, – ҷавоб дод амаки Эдик.
– Ба хонаи Сангинпӯлод намебаред? – пурсид модарам.
– Вай дар хонааш нест, – гуфт амаки Эдик ва маъюсона сар хам карда, илова кард: – Ба ҷои дур рафтагӣ.
Аз оҳанги гапаш ҳама фаҳмид, ки тағои Сангинпӯлод ба ҷоҳои дур на бо ихтиёри худ рафтааст, ба мӯҳлати дароз рафтааст.
– Айб дар Ҷага не, дар зоту зурриёташ ҳам не, – аз саёҳати онрӯза хулоса баровард бегоҳӣ додом. – Айб дар худамон, нодуруст тарбия кардаем.
– Ана ин гапи ҳақ, – тасдиқ намуд модаркалонам. – Сага худатон вайрон кардед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё