Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Дар дилам мегуфтам, ки саг андак хашмгин бошад, ганда нест. Аз саги бо ҳама меҳрубон чӣ нафъ? Бегонаю ошноро бинад, дасту пояшро лесад, вай чӣ гуна саг? Ихлоси кас мегардад аз ин хел кучук. Саг бошад ғаюр бошад, ҳушёр бошад, камтар салобат дошта бошад.
Ҳа, дар дилам ҳамту мегуфтам лекин медидам, ки Ҷага аз ҳад гузашта истодааст. Як рӯз аз мактаб омадам, ки модаркалонам руй-рӯи ҳавлӣ Ҷагая, додом мана коҳиш карда гаштааст.
– Ҳа бибиҷон, чӣ шуд? – пурсидам бо хавотир.
– Ҳоло ҳеҷ чиз нашудааст. Лекин, худо хоҳад, минбаъд бисёр корҳо мешудагӣ барин, хуб тамошо мекунед шумо хоҷасагпарастҳои навбаромад. Чил сӯм дода, ба сараш балои ногаҳона харида омадааст. Кӯрсаводо! Боз ба таки дари кучукфурӯш ду ҳафта моку барин рафтуомад карданд падару писар. Чил сӯм-а! Гӯё ки тактаки ин мардак варақ-варақ пул бошад. Ҳавлии чалая хариду ҳушу ёдаш ба калбасаи кучуку карасини мошин. Бар авқотат лаънат ту барин худдонама! Се бор гуфтам, ки аз корҳои ҳамин алломаи замона зиқ шуда гаштана ба хонаи калонеш рафта, баҳузур пояма дароз карда шинам ба ҷони ғарибам. Боз намешавад, гӯр дили оча, раҳ намедиҳад.
Ҷага таки деворро бо нохунҳо нақбчае канда, ба ҳавлии амаки Миша гузаштааст ва ба Рекс дарафтодааст. Амаки Миша базӯр халос карда овардааст.
Лена, духтари амаки Миша, бегоҳӣ аз болои девор башарааша ба ман каҷу килеб карда нишон доду гуфт? – Ҷамол, кучуката ғундор. Ин дафъа ҳамин хел хулиганӣ кунад, Рекс лӯққӣ фурӯ мебарад. Фаҳмидӣ?! Сонӣ гила накун. Боз номи шонноми ҳиндӣ будааст. Ҷага! Ҷага! Э мур Ҷага нашуда!
– Рав, ба корат шақшақа! – гуфтам бо дағдаға ва дуруғакӣ аз ҷоям бо шаст хеста будам, ки «э вой дод!» гуфта, аз сари девор фаромада гурехт.
Лена барин духтарчаи ҳавобаланду шаттоҳи хунукгап дар ин гирду атроф нест. Падараш ҳамин хел одами нағз, сараш тоси мисин барин бемӯи ялаққосӣ, лекин ҷони одам, амаки худам барин меҳрубон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё