Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз корҳои Ҷага ману ӯ хурсанд будем. Бозгашти моро бо аккоси хушҳолона пешвоз мегирифт. Гурбаеро бинад, мисли барқ аз дунболаш давида, то ба лаби бом ё шохи дарахт сур мекард.
Қарор додем, ки гӯшу думашро набурем.
– Буридани гӯшу думи саг ба дастури илми ҳозира мувофиқ нест, – гуфт падарам. – Одатан гӯши сагҳои маҳаллия мебуриданд. Вай ҳам замони пеш.
– Ҳа, замони пеш ҳама гӯлу гаранг буданд, ҳеҷ чиза ақлашон намегирифт, – пичинг зад модаркалонам.
Тирамоҳ барои Ҷага хоначае сохтем. Бомаш шиферпӯш.
Аз дарун барои гарм шуданаш шолчаю намадпораҳо часпонидем.
То баҳор Ҷага калон шуда, қаду бар ёзонид. Хушрӯ ҳам шуд. Гӯшҳояш сих, чашмонаш зиракона медурахшанд. Худаш чусту чолок, ба кӯча барорам, аз ман ду баробар тезтар метохт. Аммо табиаташ дигар шуда буд, аз ҳад зиёд аккос мезад. Дар шохи себ ягонта майна, ё дар лаби бом мусича шинад, ба боло нигоҳ карда ва заминро ханҷор карда, то даме аккос мезад, ки парранда охир ҳам аз ин муомила безор шуда, парида мерафт ё модаркалонам маро маҷбур мекард, ки баромада мурғи бегуноҳи боиси ғавғошударо биронам. Аз кӯча бачаҳо мопедашонро тозонида гузаранд, ба таки дарвоза рафта, аз тарқиши он бо хашм ва дуру дароз аф-аф мекард.
Ҳавлии мо ва азони амаки Мишаро девори тахтагин ҷудо мекард. Аз тахтаи пуштак сохта шуда буд, бинобар ин роғи бисёр дошт. Ҷага аз роғҳои девор ба ҳавлии ҳамсоя нигоҳ карда, аккос мезад. Рекс бекор бошад, яъне агар касе бо ӯ бозӣ накунад, ё ҳамроҳи касе ба кӯча нарафта бошад, одатан дар пеши зинапоя ё дар болои симкати шалақ ба рӯи матраси кӯҳна ҳалқа зада мехобид. Ҷага аввалҳо дум ликконида, бо шодмонӣ ҷастухез карда, аккос мезад. Ба хаёлам, биё, тағо, бозӣ мекунем, мегуфт. Ман туро дӯст медорам. Ту бе кор нишастаӣ, ман ҳам зиқ шудам, биё, ҳамроҳ даводав мекунем, мегуфт. Сонитар рафта-рафта башиддат фарёду фиғон мекардагӣ шуд. Аз замини пеши пояшро шудгор карданаш, аз чашмони пурхашмаш маълум шуда меистод, ки аз чӣ сабабе қаҳраш омадааст, Рексро ба забони худаш таъна мезанад, дашном медиҳад.

пешина
аз 248
навбатӣ