Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Сагча кирои таъриф буд. Лӯб-лӯндаи фарбеҳак, чашмакош милтос мезанад. Фақат ҳафтрӯза шудаасту даст дароз кунед, дасташа медиҳад. Ҳамон рӯзи овардаам дар тағора оббозӣ дорондам. Модарам оби ширгарм мерехт, ба чашмаш собун нарасад, ба гӯшаш об надарояд, гуфта маслиҳат медод.
Модаркалонам дар гӯшае ғур-ғур карда менишаст.
– Бисмиллоҳу раҳмону раҳим. Сар шуд, – мегуфт ӯ ба мо нигоҳ накарда. – Акнун дар ин рӯзгор аста-аста ягон зарфи ҳалол намемонад.
Бегоҳӣ маслиҳат шуд, ки сагчаро чӣ ном монем.
– Шалик! – гуфт хоҳарчаам Озодаи чорсола.
– Худат чӣ мегӯӣ? – пурсид падарам.
Гуфтам, ки чанд нома медонам, аммо ягонтааш ба ман маъқул не. Шумо гӯед.
– Шалик! – боз гуфт Озода. – Шалик наж.
– Шарик нағз, – тасдиқ намуд додом, – лекин ҳозир лӯблӯнда асту Шарик, яъне тӯбча мегӯӣ. Калон шавад, боз номаша дигар мекунем? Ин саг аз зоти сагҳои калони посбонии немисӣ.
– Шалик! – боз таклиф кард Озода, лекин ба гапи ӯ дигар аҳамият надоданд. Бача-дия, хом.
Додом пурсид, ки аз сагча чӣ умед дорам, яъне ки чӣ хел шуданаша мехоҳам. Ман мехостам, ки саги ман нотарс бошад, аз ҳамаи сагҳои дигар зӯр, чаққон, баақл бошад. Ба магазин ё бозор фиристанд, ҳамроҳам равад, лекин ҳамин хел шавад, ки дар роҳ ягон саг ба вай наздик шуда натавонад, як нигоҳ карда «ғуррр» гӯяд, кифоя, ҳар читу саг тарсида, думаша миёни пояш гирифта, ба катакаш ҷо шавад. Мана саги ҳамсояамон амаки Миша барин бошад, гуфтам. Калон, зӯр, хушрӯ. Дар ҳавлӣ ин хел посбони нағз нест, дари ҳавлиашон қуфл надорад. Ба кӯча ҳамроҳашон равад, одамҳо барин бамаънӣ мегардад. Дар таки дари магазин баодоб мунтазир шуда меистад. Тӯрхалтая ба дандонаш газонанд, рост ба хона меорад. Номаш ҳам хушрӯ: Рекс. Амаки Миша мегӯяд, ки маънояш ба лотинӣ – подшоҳ. Хайр, ганда-мӣ Рекс?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё