Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саидбек аломате надид, ки ба сари санги бузурги нопойдор будани вай далолат кунад, ё бигӯяд, ки яке аз дандонаҳои харсанги мазбути ноҷунбонест он.
Хайр, гуфт Саидбек ба худ, дидан мехостам, дидам. Ба ҳар ҳол ягона такягоҳ ҳамин санг аст. Ҳоло бояд кор кард.
Чанд лаҳза ба девораи нишеби кӯҳпораи он сӯи наҳр нигоҳ дӯхта хобид, ки ҳанӯз баъди пешин ба он ҷо ба осонӣ баромада, корашро анҷом дода фаромада буд. Пас ба шуввоси якнавохти оби наҳр гӯш андохт. Аз дил гузаронид, ки аз роҳи мошингарди он соҳили наҳр автомобилҳо мегузаранд, вале пайкари ӯ дар ҷое воқеъ гаштааст, ки фаразан роҳгузарон махсус аз роҳ бозистода, ба ин сӯ назар кунанд, ҳатто бо дурбин нигаранд ҳам, нишоне аз ӯ нахоҳанд дид.
Оре, маҷрои ин сангрезгоҳ ба хокандози азиме монанд аст ва новаи он аз мадди назари роҳгузарони он сӯи наҳр хеле баланд, чашмнорас воқеъ шудааст. Касе ба гӯшаи хаёл нахоҳад овард, ки дар он нова, дар миёни садҳо, балки ҳазорон мукаабметр сангу сангпора як зарра ҷони одамӣ низ дар таҳлука афтодаасту муштоқи садои одамист, дида ба сӯи дасти мададгори одамист.
Бале, он роҳ роҳи калони мошингард аст, аммо аҷиб, ки алҳол боре садои мотор ба гӯши Саидбек нарасидааст. Ё ғурриши мотор дар пеши садоҳои табиии дарёю дара ҳеҷ аст ва дар ҳамон ҷо, дар поён, дар хурӯши мавҷҳои наҳр ғарқ ва нопадид гардида, то ба ин баландӣ намерасида бошад?
Рӯмолчаро ба оби даҳонаш нам карда, хуни шахшудаи банди дасташро пок ва ба озод кардани паҳлӯи росташ аз сангу сангреза шурӯъ намуд. Азияти ҷароҳатҳо, хусусан дарди зирқ-зирқ нолишкунандаи зонуи чап пайваста озор медод. Гуруснагӣ ва хумори тамоку сарборӣ буд.
Бо хиҷолат аз дил гузаронид, ки талаби бисёркаратаи бобояш Сангинбек ва ваъдаҳои худро дар хусуси тарки тамоку ба адо нарасонид.
... Дар телеграмма касе аз забони бобо навишта буд: «Писарам, гапи зарур дорам. Биё. Бобои ту». Саидбек аввал ба идорааш, сонӣ ба занаш сим заду ҳамаи корҳоро ба Новиков супорида, ба аэропорт шитобид.

пешина
аз 248
навбатӣ