Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Саидбек акнун аз болои сар ва китфҳояш сангпора мегирифт ва ҳарчи дуртар бурда ҳамвор мекард, бо кафи даст, бо панҷаҳо палмосида, месанҷид, ки оё он сангпораҳо устувор ҷой гирифтаанд ё не. Ва ҳамин ки хотираш биосуд, боз як мушти дигар санг мегирифт ва ба ҷои нав мекӯчонид. Деворҳои сангини бо маҳорати аҷибе дар атрофи боғҳо, полизҳо бардоштаи мардумони Дарвозу Бадахшон ва саргаҳи Зарафшон пеши назараш омаданд. Онҳо бидуни лой (маҳлули оҳак ё семент он сӯ истад) санг ба рӯи санг чида, баробари қади одам деворҳои ғалатие мебардоранд, ки солиёни зиёд пойдор мемонанд. Сангҳоро ба сатҳи ноҳамвори якдигар – ба чуқураку дандонаку ҳавзаку ғурмакони ҳамдигар чунон муносиб ва мутаносиб чида, ба тарзе паҳлӯи ҳам ва болои ҳам мечинанд, ки онҳо гӯё қулфу калид мешаванд. Баъди рост шудани девор онро қасдан такон диҳед ҳам, аз ҷой намеҷунбад. Вагарна боду боронҳои шадиде, ки дар ин ҷоҳо мешавад, он ҷо низ ҳаст, балки аз ин ҷо гоҳҳо пуршиддаттар мешавад. Зилзилаи аёну ноаёни қариб ҳарҳафтаинаи замин дар ҳамон ҷо ҳам ҳаст.
Деворҳои ғалатии кӯҳистонаш ба ёд расиду дилаш андаке қувват гирифт ва муддате дарди ҷароҳатҳои хуншорро фаромӯш карда, ҳамаи санги болои сараш тӯдашударо ба тарафи чап кӯчонид.
Акнун метавонад ба паҳлӯи чап гардад, сар ба рӯи сина хам карда, ба нӯки пояш бингарад. Агар барои рафъи бим, барои эмин будани дил боз ягон такягоҳи дигаре мешуд, албатта, нуран алонур буд. Аммо дастгир ё пуштибони дигаре нест. Агар ана он шохи дӯлона, ки аз боло овезон шудааст, ба даст мерасид, қисме аз вазни ӯро бар дӯши худ метавонист бигирад. Афсӯс ки вай дастнорас аст, барои доштани он чӯби чангакдоре ё ақаллан боз як навдаи дигар лозим аст, ки андармон сохта, нӯкашро ба поён бихамонӣ.
Ӯ нахустин бор дар ҳамаи муддати ба ин варта афтоданаш, ки аслан бештар аз як соат набуд, вале ба хаёлаш рӯзҳои дарозе барин беҳадду бекарон менамуд, ба нӯки пояш нигарист. Як қисми санги оддии хоро буд он санг, ки пошнаи мӯзааш андармон шудааст ва нӯки ғӯлаи нимсӯхтаеро мемонад ва рангаш низ ангиштпораи рӯяш гардгирифта барин тира буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё