Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вакил ҷомадонро то ба таги дари ҷавонзан бурду хайрухуш карда, ба хонааш рафт.
Аз мобайн чанд моҳ гузашт.
Рӯзе ки бо ӯ дар троллейбуси ҳамон маршрут дубора вохӯрд, аз хона бо дили ғамгин баромада буд. Шоҳида модар ва писаронашро ҳамроҳ гирифта, ба район ба хонаи хоҳараш рафта буд. Хонаи бекас ва сокит ба назари Вакил чунон ҳузнангез менамуд, ки гӯё онро сел шуста бошад. Дару девори хонаи холӣ гӯё ба забони ҳол мепурсид, ки ту ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
Ӯ ба кӯча баромада, ба троллейбус савор шуд. Мехост ба маркази шаҳр биравад. Он ҷо ба ягон қарор хоҳад омад. Ё ба кино медарояд ё ба назди яке аз рафиқонаш меравад.
Ана дар ҳамон ҳолат бо овози нарму нафисе салом додани ҷавонзани шинос ӯро аз олами андеша берун овард. Ин дафъа ҷавонзан куртаи атласи хушрангу гуле пӯшида буд ва пероҳани сабуку шинами тобистона бар ҳусни ӯ ҳусн афзуда буд.
Онҳо чун шиносони дерина ҳолпурсӣ карданд.
– Ба куҷо равонаед? – савол дод Вакил.
– Худатон чӣ?
– Агар ҳамроҳӣ кунед, ба кино мерафтам.
– Агар худи ман ҳам аслан ба кино равона бошам-чӣ?
– Боз беҳтар. Он гоҳ ба ду кинотеатр меравем, филмро тамошо мекунем.
– Мешавад.
– Биёед акнун шинос шавем. Номи ман Вакил.
– Номи ман...
– Хӯш?
– Номи ман Н.
– Яъне гуфтан намехоҳед?
Ҷавонзан китф дарҳам кашид.
– Ё гуфтан мехоҳед, ки шиносоии мо ҳадде дорад? Ӯ боз китф дарҳам кашид.
– Аҷиб, – гуфт Вакил.
– Чӣ ҷои аҷобат? Ҳамаи номҳо рамзеанд. Рамзи мухтасари якҳарфа чӣ бадӣ дорад?
«Беҳуда ҷомадони ин зан пури китоб набудааст», ба ёд

пешина
аз 248
навбатӣ