Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
паридаистодаи шавҳари мусибатзада нигоҳ карда истоду бо оҳанги мулоимтар илова кард:
– Илоҷи дигар нест, ошно.
8 Вакил аз кор бармегашт. Ба қадри наздик шудан ба манзили худ ба сӯи дари пеши троллейбус ҳаракат мекард. Аммо чӣ шуд, ки троллейбус ба истгоҳи ӯ расиду фарояндагон дар дамгаҳи дар таъхир карданд. Ҳа, боиси ошуфтагии мусофирон ана он ҷавонзани сафедрӯи зебоандоме будааст, ки ҷомадони вазнинашро ба зӯр аз ҷой меҷунбонид.
Вакил зуд пеш гузашта, ҷомадонро аз сари роҳ бардошт ва чобукона аз зина фаромад.
Ҳамаи фурудомадагон пароканда шуда рафтанд. Дар истгоҳ фақат Вакил ва он ҷавонзани хушсурат монданд, ки дар ду тарафи ҷомадон рост меистоданд.
Ҷавонзан бо лабханди латифе изҳори миннатдорӣ карда, ҷомадонашро бардошт, вале ду қадам намонда, маҷбур шуд онро ба замин гузорад: ҷомадони начандон бузург хеле гарон буд.
– Сабр кунед, ман мегирам, – хидматгузорона гуфт Вакил ва ҷомадонро бардошта, ба соҳибаш нигарист, ки яъне ба кадом сӯй меравем?
– Ба шумо ташвиш шуд, – гуфт ҷавонзан бо як садои дилкаши адоомез, – таксиро мунтазир шудам, ба зудӣ наомад.
– Ҳеҷ гап не.
– Вазнин, а?
– Сабук гӯям, дурӯғ мешавад. Ин сандуқ ё аз тилло пур, ё аз китоб.
– Ёфтед. Пур аз китобе, ки ба нархи тилло баробар аст.
– Ҳа-а, – мад кашида гӯё изҳори тааҷҷуб намуд Вакил.
Вай гоҳ баробар, гаҳе як-ду қадам қафотар аз ҷавонзан роҳ гашта, қомати мавзун, рухсори сафеду базеб, хусусан мӯи дарози ӯро бо завқ тамошо мекард. Ростӣ, ин гуна мӯи дароз ва ин хел қомати мавзунро ҳеҷ гоҳ надидааст. Гесувонаш бемуҳобот ба зону зада, баробари роҳ рафтанаш бо як назокати фаттон алвонҷ мехӯрданд ва назари бинандаро беихтиёр ба худ мекашиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё