Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Вақте ки Суръат чашм кушод, ҳангома дигар ба авҷи аълояш расида буд. Хушдомани меҳрубон домоди худро бо сари хунолуд, ранги кабуд ва беёду бехуд дида, «Вой дод!
Мардум, мадад кунед!» гӯён ҳавлиро ба сараш бардошта буд.
Хосиятхон бошад, ҳамсояи нимҷонро аз камингоҳаш – аз таки зинапоя бо дастони бӯзбаласон пурқувваташ дошта ва кӯдаквор кашолакунон ба саҳни ҳавлӣ бароварда, рӯи барфтӯда афканда буд. Гурӯҳе ба истиқболи мошини ёрии таъҷилӣ, чанде ба пешвози мототсиклҳои милитсия ба сари кӯчаи калон баромада буданд...
Наққош дасти чапи ба қолиби гаҷ андохта ва докапеч кардашудаашро як моҳ ба гардан ҳамел карда гашт. Хайрият, мағзи сараш осеб надида буд. Ӯ пештар дар ҳар диданаш пайкари лоғари ҳамсояи бадқавоқи худро ба ҳоли ӯ тараҳҳум кунад ҳам, ҳоло хурсанд буд, ки ин гумкардахирад марди тавонои таҳамтан набудааст. Вагарна бо вуҷуди он ки Наққош ба сар телпаки пӯстигӯсфандӣ пӯшида буд, ҳамон як зарбаи аввалаи он чӯбдасти заранг кифоя буд, ки ӯ дар арафаи гирифтани дипломи институт ба оламе сафар кунад, ки он ҷо мақоми дипломдору бедипломон, мааттаассуф баробар аст.
Муфаттиши шӯъбаи милитсия аз қабили одамоне буд, ки дар ҷанҷоли байни ду кас ҳамеша ва ҳатман ҳар ду тарафро гунаҳгор медонанд ва бо эътимоди кулл мегӯянд, ки шохи дарахт ҳеҷ гоҳ бидуни шамол намеҷунбад. Бинобар ин вай аввалҳо ба Суръат Наққош ҳамчун ба шахсе назар мекард, ки дар паси сурати мӯътамад сирати мураккаберо нуҳуфтаанд. Вале баъди мусоҳибаи дуввуму саввум дар муомилаи муфаттиш оҳанги нарм ва хайрхоҳонае пайдо шуд.
Наққош варақаҳои пурсиши он ҳамсояро хонда, ду маротиба дар сӯҳбати чорбарӯ бо ӯ иштирок карда, таърихи тадриҷан хароб шудани рӯҳияи он бечораро бо тафсилоташ дарк намуд. Худи ҳамон рӯзи моҷаро низ Суръат аз дил гузаронида буд, ки дар ин ҳодиса нафаси деви рашк ҳис карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё