Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Шумо бисёр одамонро мешиносед, ки ду ё ҳатто се карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ ё Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шудаанд. Аммо ду карат қаҳрамонмодарро надидаед...
– Бас, бас! – даҳонн шавҳарашро бо кафи даст пӯшида, бо хашми нозолуд мегуфт Хосиятхон. – Гоҷигарӣ ҳам эбашкатӣ.
... Ҳамон рӯз, мисли имрӯза, аз осмони пасти тирафом барфи реза меборид. Наққош ҳамроҳи зан ва хушдоманаш шом хӯрд ва саросема нашуда, ба либоспушӣ даромад. Ӯ рӯзҳо мехонду ҳафтае се шаб барои таъмини маишат дар табобатхонаҳо вазифаи «додари шафқат»-ро ба ҷо меовард.
Ҳанӯз аз хона набаромада, ба худ тасаввур мекард, ки то ҷои кор рӯй-рӯи пайраҳаи нарми сафед, миёни шӯришу ғалаёни зарраҳои барф кайф карда, пиёда хоҳад рафт. Кас фақат дар ҳамин гуна ҳавои тозаю махмуркунанда баръало ҳис мекунад, ки дар сандуқи сина шуш дорад ва ҳавои софе, ки ворид мешавад, то ба дуртарин гӯшаҳои он давида рафта, ба ҷони кас ҳаловат мебахшад. Наққош ҳанӯз берун набаромада, қарор дода буд, ки то ба табобатхона расидан, ягон бор китфу остин ё телпаку гиребон наафшонад. Бигузор болои китфу тори сараш барф кӯрпа шавад!
Аз саёҳати ояндааш қаблан хурсандӣ карда, аз ошёнаи дуввум мефаромад. Мефаромаду телпаки гӯшакдори арзонакашро ба сараш зер карда мепӯшид. Ба майдончаи танги ошёнаи якум расида, ба сӯи баромадгоҳ акнун рост шуда буд, ки такони сахт ва дарди ҷонкоҳеро ҳис карда, дар ҷояш шах шуда монд. Пеши чашмонаш ҳалқачаҳои сурху сиёҳ ба рақс даромаданд. Ӯ ғайриихтиёр даст ба пушти сар бурд, ки он ҷо зарба расида буд. Ҳамин кораш хеле бамаврид буд, зеро зарбаи дигар хеле сахттар ва коротар буд ва ба дасташ рост омада, устухони панҷаҳояшро маъюб гардонид.
Дар ошёнаи якум, дар зери квартираи Хосиятхон марди лоғару қадпасти заҳирранге бо оилаи худ мезист. Наққош бо ӯ ва аҳли оилаи ӯ ба ҷуз «саломуалеки худоӣ» дигар гуна муносибате надошт. Шояд агар муносибати ошноӣ ё ақаллан ҳамсоягӣ медошт, беҳтар мебуд, зеро касе, ки бо чӯбдасти ғафсу гароне, ки онро дар дӯконҳои ашёи рӯзгор ба ҷои тиракҳои сабуку дарози қадимаи тоҷикӣ мефурӯшанд, ба пушти сари Суръат Наққош ду зарбаи пурзӯр зада буд, маҳз ҳамин заҳирандом буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё