Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Чӣ боис шуд, ки ин касбро интихоб кардед?»
Модоме ки бо ходими матбуот сӯҳбат мешуда бошад, аз ин саволи анъанавӣ гузир нест.
Одатан мутахассисон дар ҷавоби чунин савол фавран қиёфаи ҷиддӣ гирифта, ба андеша мераванд, пас ботамкин ва таҳаммул ба нақл шурӯъ мекунанд. Яъне бо ваҷоҳати худ низ таъкид мекунанд, ки ин масъаларо дар айёми интихоби касб ҳам аз муҳимтарин муаммоҳои ҳаёти худ медонистанд, ҳоло низ дар чунин ақидаанд.
Наққош бошад, ҳар дафъае ки аз ӯ чӣ гуна маҳз психиатр шуданашро мепурсанд, беихтиёр механдад. Чунки он нуқтаи оғоз, он нахустин воқеае ки боиси мароқи ӯ ба илми асаб гашта буд, худаш як ҳодисаи ғалатист.
Наққош ва Хосиятхон ҳанӯз дар курси саввум хонадор шуда буданд ва ҳамроҳи модари Хосиятхон дар як квартира зиндагонӣ мекарданд.
Воқеан, назар ба дигарон бармаҳалтар оиладор шудани онҳо аз мавзӯъҳои доимии ҳазлу мутоибаи шарикдарсон буд.
– Кори имрӯзаро ба фардо магузор, – гуфтаанд хирадмандон. – Хосиятхону Суръатҷон таҷассуми хираданд, – мегуфт яке аз ҳамдарсон.
– Рост, – тасдиқ мекард дигаре. – То хатми таҳсил сабр карданн инҳо зарур буд? Ҳаргиз. Рафту, худо накарда, ягон сайёраи дури осмонӣ аз хатти мадораш баромада омада, шараққӣ ба Замини мо бархӯрд?
– Ё рафту қонун баромад, ки синнатон аз бист, ки гузашт, дигар никоҳ мумкин нест? – киноя мекард саввумӣ.
Зану шавҳари ҷавон низ паст намеомаданд.
– Медонед, ҷавони муҷаррад ба чӣ мемонад? – савол медод Хосиятхон. – Ба билети лотерея, ки чӣ шуданашро худо медонад. Аммо йигити оиладор мисли пасандозест, ки ба кассаи амонатӣ супурдаед.
– Ё монанди «заёми тилло», ки бо умеде харида, бардошта мегардед – мегардеду охир ба чанд тин зарараш мефурӯшед, – мегуфт дар ҷавоб касе аз рафиқон ва ҳама баробар механдиданд.
– Сабр кунед, – ба сӯҳбат ҳамроҳ мешуд худи Наққош. – Бармаҳал хонадор шудан боз як бартарӣ дорад.

пешина
аз 248
навбатӣ