Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Инак, «Запорожес»-и нимшалақи онҳо боз кӯчаҳоро аз ғурросу ҳуштаку тақарроси гӯшхарош ва дуди фаровон пур карда, пеш метозад.
Якҷоя бошанд, Наққош ба сифати мусофир ба мошинашон савор намешавад.
– Қасдан даст мекашед?
– Не, азизам, мехоҳам пиёда камтар сайр кунам.
– «Сайр кунам...» Шумо ба занҳое, ки техникаро азбар карданианд, бойкот эълон мекунед. Ана мақсади шумо.
– Бойкот-мойкот не, азизам. Вазифаи таъмиргари «Чайка»-атон маро кифоя.
– Рӯйрост гӯед, ки метарсам.
Наққош занашро оташин кардан нахоста, хомӯш мемонад.
– Пас шарм медоред, ор мекунед. Лекин оё медонед, ки аз чӣ ор мекунед? Аз фардои ҳаёт! Фардо кӯча ва роҳҳои мамлакат ба ҳукми суръатҳои баланд хоҳад буд. Пас мошинронии ман таҷассуми прогресс, аз нахустин нишонаҳои истиқболи нақлиёт аст.
– Ҳай-ҳай, Хосиятҷон, хоксорӣ чӣ гуноҳ дошт? Ба меъёраш, ба хаёлам, ҳанӯз ба касе зарар наовардааст...
Наққош пешинӣ ба хона телефон карда, аз хушдоманаш фаҳмид, ки Хосиятхон бо вуҷуди аҳду паймон ва ваъдаю воиз ба кораш мошинсавор рафтааст.
Хӯш, боз чӣ воқеа рӯй дода буд?
Ҳа, ходими шӯъбаи илму маданияти рӯзнома бо телефон хабар дод, ки фардо ба наздаш меояд. Барои мусоҳиба дар мавзӯи роҳу тадбирҳои нави табобати бемории асаб.
Дунёи ғалатӣ. Мудири мӯҳтарам сояи ӯро аз девор метарошад, дар ҷамъомаду маъракаҳо (дар ғайбаш, албатта) ба бадном карданаш мекӯшад. Гурӯҳи дигаре услуби кори ӯро на факат худ меписанданду байни худҳошон таърифу тавсиф мекунанд, балки мехоҳанд, ки дар матбуот низ шӯҳрат пайдо кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё