Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
ба мусоҳиб хуш намеояд, бо мақсади қувват додани рағбати ӯ савол дод:
– Дар ҳафтод соли охир натиҷаи беҳтаре ба даст наомадааст?
– Не. Рекорд ҳанӯз ҳамон – ҳазору чаҳорсаду як километр.
Боз дақиқае ҳар ду хомӯш монданд.
– Акнун як-ду мисол аз тарзи саломуалек, – бо ваҷоҳати воизе ба гапаш давом намуд ҷавон. – Аҷибтарин тарзи саломуалекро, ху-ӯш, дар байни халқҳои Африка мебинем.
Тоифаи Тумбве, хӯ-ӯш, барои салом ба зону нишаста, аз замин муште хок мегирад ва ба синаву бозувонаш мепошад.
Фарзандони қабилаи Камба ба аломати эҳтиром, хӯ-ӯш, ба рӯи ошнои пазмоншудаашон туф мекунанд. Хайр, духтур, саломат бошед, ягон чиз пурсидан лозим шавад, шарм надоред. Мо азони худӣ.
Ӯ калон-калон қадам партофта, дар хамгашти долон нопадид гардид.
2 Духтур ба худ аҳд кард, ки то омадани ёрдамчиёнаш ҳамин ҷо нишинад, лекин аз воқеаҳои ногувор дигар фикр накунад.
Хуб, чӣ воқеаи гуворо шуд имрӯз?
«Запорожес»-и кӯҳнаашонро саҳарӣ дар як соат дуруст карда, ба занаш супорид. Лекин бо ҳамин шарт, ки то барфи таки пой об нашавад, Хосиятхон мошин наронад. Ӯ розӣ шуд.
Мошинсавории Хосиятхон – дар оила мавзӯи мунозираи ҳаррӯза. Вай ҳамин ки ба сари рул нишаст, ҳама гуна қоидаҳои маҳдудкунандаи суръатро аз ёд мебарад. Ҳафтае нест, ки ягон имспектори ГАИ ӯро аз роҳ дошта, барои аз ҳад гузаронидани суръат ё риоя накардани ину он қоидаи ҳаракат ҷарима андохтанӣ нашавад. Аммо Хосиятхон бо як ширинзабонии моткунандае инспекторро гоҳ акаҷону додари ҷон, гоҳе рафиқи азизу меҳрубон хонда, ба ҷои ҳуҷҷати ронандагӣ шаҳодатномаи духтурии худро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки ана инспектори мӯҳтарам худаш бихонад, Хосият Наққош ҷарроҳи фалон табобатхона аст ва ӯро фалон хел беморони вазнин дар рӯи мизи ҷарроҳӣ ҳар лаҳза нигарон аст ва боиси андаке (фақат андаке!) шитоб кардани ӯ маҳз дар ҳамин вазъият аст ва ғайра ва ҳаказо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё