Зеҳн
Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Савобталабе ёфт шуда намегӯяд, ки пас асрорро бояд кашф кард, на ин ки субҳу шом оид ба зарурати кашфи он манаҳ зананд.
Ин ҷавони жӯлидамӯй аз беморони мудир аст. Пешонии фарох, бинии рости теғадор, мӯи дарози каме маллатоби то ба сари китф фаромада ва ҳаракатҳои ботамкинаш ба замми қиёфаи мутафаккирона ӯро ба файласуфҳои дунёи кадим монанд мекунанд.
Наққош ба таърихи бемории ӯ як назар афканда буд.
Мудири мӯҳтарам «савдои шаҳомат» навишта мондааст.
Яъне аз ҳамон қабиле, ки худро подшоҳи Бобулистон ё худ Жолио-Кюри ё лётчики кайҳоннавард меноманд. Вале касали ӯ тамоман дигар аст. Ба гапаш диққат кунед, аппарати ҳофизааш саҳеҳ кор мекунад. Ҳар чизе ки ӯ мегӯяд, рост аст, фактест, ки дар ҳаёт ва илм собит шудааст. Нутқаш ҳам аз ҷиҳати сарфу наҳв иллате надорад.
– Духтур, ба шумо як-ду чиз бигӯям, – ба гап даромад мардак пас аз он ки дақиқае ба нохунҳои дасташ чашм дӯхта нишаст.
– Кошки! – ризоияти худро як қадар муболиғаомез изҳор дошт Наққош.
– Панҷсад сол пеш аз ин дар Аврупо пойафзоли нӯкдароз мепӯшидаанд. Сохташ, хӯ-ӯш, мисли мӯкиҳои қадимаи худамон. Лекин нӯки кафши баъзеҳо то ба ҳафтод-ҳаштод сантиметр мерасидааст. Мансаб ва мақоми кас ҳар қадар баланд бошад, хӯ-ӯш, нӯки кафшаш ҳамон кадар дароз мешудааст.
– Чунон ки пештар дар кишвари худамон ҳам баъзе зотҳо бузургии салларо ба дараҷаи эътибор ва фазилати соҳибаш алоқаманд медонистаанд...
– Намедонам, духтур, салларо намедонам, – эътироз кард бемор. – Лекин, хӯ-ӯш, донистани табиб шарт аст, ки дар дунё кӣ аз ҳама бисёртар бо дасташ роҳ гаштааст. Яъне, хӯӯш, подарҳавою даст бар замин. Ин шахс Иоҳанн Ойслингер аст. Аз Австрия. Соли 1900-ум вай дар зарфи панҷоҳу панҷ рӯз, хӯ-ӯш, ҳар рӯз даҳ-соатӣ аз Вена то Париж як ҳазору чаҳорсаду як километр роҳ тай кардааст.
Наққош чун пай бурда буд, ки аз худ чизе илова намояд,

пешина
аз 248
навбатӣ