Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Қабл аз он рӯз ҳам Наққош ҳангоми мулоқот бо ҳамсояи камсухан дар чашмони ӯ осори адовати базӯр ниҳон дошташавандаро хонда, маҳз ҳамин гумон ба хаёлаш роҳ ёфта буд. Дониши аз китобҳо ва нақлҳои омӯзгорон бардоштааш низ далолат мекард, ки манбаи кинаи бесабаби ин зот фақат рашки кӯр-кӯрона шуда метавонаду бас.
Ин гуна воқеа, ин хел як гардиши ногаҳонӣ барои Наққош чунон аҷиб буд, ки ақлу ҳуши ӯро муддате тамом тасхир намуд. Вазъи вайрони асаби беморон дар шуури ӯ то алҳол ҳамчун як чизи муқаррарӣ, чун мавриди таваҷҷӯҳи ҳаррӯзаи табиб акс меёфту аммо нақши ягон қадар амиқе нагузошта, ҷои худро ба таассуроти тоза вомегузошт.
Суръат аз сӯҳбатҳо дар шӯъбаи милитсия олами дар хаёли худ бофта баровардаи ҳамсояро сайр карда, тамом гаранг шуда буд. Дар ин олам ӯ ба ҷуз занакабозӣ дигар коре, фикру зикре, матлабу мақсаде надошт. Ӯ дар боби хок пошидан ба чашми занаш Хосиятхон ва ҳамсояҳо ва соири атрофиён ба худ ҳамтое надошт. Вай як силсилаи мураккабу мураттаби рамзу ишораҳои махсусе ихтироъ карда буд, ки ҳамаи ин ба робитаи байни Наққош ва зани ҳамсояи заҳирранг хизмат мекард. Ҳамин ки ин ду зоти нопок фурсати мусоиде дарёфтанд, худро ба канори ҳамдигар меандохтанд. Онон ба фисқу фуҷур он қадар бадомӯз шуда буданд, дар кӯи шаҳват ончунон бебокона қадам мезаданд, ки ҳеҷ кадом фосиқ дар ҳеҷ замоне ба ин поя нарасида буд.
Боре ӯ, ҳамсояи туршрӯй, дар яке аз колхозҳои дурдаст дар хонаи яке аз роҳбарони колхоз мехобид. Ӯ ба ин ҷо барои тафтиши тадбирҳои санитарии зидди касалиҳои чорво омада буд. Аммо шаб, ки даромад, хаёлаш ба хона, оила, занаш банд шуд. Дилаш ба ҳазор кӯча даромада мебаромад.
Ниҳоят, нимишабӣ дигар тоқат карда натавониста аз бистар парида бархост. Ӯ ҳамчун дар оина, чун дар рӯзи равшан ва дар рӯ ба рӯи худ медид, ки зани бевафояш, зани бадахлоқ, фосиқа ва фоҳишааш бо ҷавони хушандому хушпайкари пайвастаабру, ки дар ошёнаи дуввум истиқомат мекунад ва ҳарчанд корубораш хароб кардани саломатии дигарон аст, худро аз ҳоло давогари дардмандон медонад, дар хонаи хоби ӯ, рӯи кати ӯ дар оғӯши ҳамдигар мехобанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё