Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
Ба хотири табобати як зан – модари се кӯдаки хурдсол, ки ба дарди гароне гирифтор шудааст.
Мардум ба шахсоне, ки савдои худкушӣ ба сарашон афтодааст, одатан бо назари холӣ аз эҳтиром менигаранд, ҳатто метавон гуфт, аз ин гуна касон дар дил як андоза кароҳат ҳис мекунанд. Лекин духтурон, хусусан табибони бемориҳои асаб ин тавр нестанд. Барои онҳо шахси ба васвасаи худкушӣ афтода мусибатзадаест, ки бештар аз ҳама сазовори марҳамат аст. Наққош ҳам дар саргузашти он зан, дар ваҷҳи пайдоиш ва ҷараёни бемории ӯ нуктаеро медид, ки диқкати ӯро сахт ҷалб карда буд.
– Камтар назди шумо нишинам.
Наққош ба гӯяндаи ин суханҳо, бемори жӯлидамӯи баландболое, ки дар қафояш рост меистод, рӯй оварда, ба ӯ аз курсӣ ҷой нишон дод:
– Марҳамат, нишинед.
Аз беморони нозук аст ин жӯлидамӯй. Ба ӯ дигар хел муомила карда намешавад, дар суханаш аз илтимос дида, оҳанги ҳукм бештар садо медиҳад. Агар мабодо бигӯед, ки «Не, бемор, вақти чақ-чақу мусоҳиба гузаштааст, ба палата рафта, ором бихобед...» – тамом, пӯстинро чаппа мепӯшад.
Хайр бигузор, ки билаққад. Хусусан, ки сӯҳбаташ дилгиру дилбазан нест, ҳарчанд аз ҳузн ҳам тиҳӣ нест. Баръакс як дараҷа мароқангез. Пагоҳӣ, масалан, бо ҳам рӯ ба рӯ омада, саломуалек кардан замоно сари роҳи Наққошро гирифта, ба гап даромад:
– Хоҳишмандам, дар ёд дошта бошед, духтур: ҷонваре, ки аз ҳамаи ҷондорон баландтар, хӯ-ӯш, дар кӯҳҳои баландиаш ҳафтуним ҳазор метр зиндагонӣ карда метавонад, анкабут аст. Хӯ-ӯш, анкабут. Мурғ бошад фақат ба чаҳоруним ҳазор метр баландӣ метавонад истиқомат кунад. Мурғ гуфта, хӯӯш, ҳамаи паррандаҳоро мегӯям.
Наққош ба аломати тасдиқ сар ҷунбонида, оромона гуфт:
– Раҳмат, ба хотир мегирам.
– Аммо каждум умри дароз мебинад, – боз гуфт бемор аз остини яктаҳи духтур дошта. – Сахтҷонтарини ҷонварҳост.
Дар ҳолате, ки, хӯ-ӯш, аз шашсад рентген радиатсия одам мемурад, каждум дар Саҳрои Кабир аз ҳаштод ҳазор рентген осебе надид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё