Хиёбони Нодир

Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Фазлиддин Муҳаммадиев поягузори таҳқиқи равонии қаҳрамони армонӣ дар насри муосири мо мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 248 саҳифа
– Рост мегӯед, аммо қоида ҳамин. Чӣ илоҷ?
Абдувоҳид-амак лангон-лангон ба военкомат рафт. Ба райком рафт. Охир номи Нодирро ҳам ба лавҳа илова карданд.
Оре, Хиёбони Нодир барои мӯйсафед як ҷузъи рӯзгор, маншаи фикру хаёл, ҳатто пораи назар ва нафас гардидааст.
Агар пурсед, ки чаро ин тавр, ба гумон аст, ки муфассал ҷавоб дода тавонад. Хайр, аз одамон савол кунед, ки чаро ба фалон мавзеъ ё фалон кас дил бастаед? Эҳтимол, ақидаҳои худро дуру дароз арз намоянд. Лекин ҷавоби комилан саҳеҳро кам андар кам касон дода метавонанд.
Шояд пирамард дар сафи мавзуни сафедорон ба ҷуз он малоҳате ки ҷозиби дидаи дигарон аст, боз ҳусни изофае мебинад? Аҷаб нест, ки раста ба назари ӯ чун сафи ҷавонмардони баҳамият метобад, ки ба ҳифзи нангу номус ба майдони корзор рафта барнагаштаанд? Ва аз ҳамин сабаб ӯ ҳар саҳар бо сафедорон ба танҳоӣ чун бо фарзандони худ сӯҳбат мекунад ва овози онҳоро возеҳ мешунавад?
Кӣ медонад?! Барои дарёфтани ин нукта, эҳтимол, хамон тариқа умр гузаронидан лозим бошад, ки Абувоҳид-амак гузаронидааст. Ё ҳамон гуна дил доштан лозим бошад, ки ӯ дорад.
ШАБИ САВВУМ
Наққош оринҷашро ба миз такя дода, ғарқи андеша ба тиреза чашм дӯхта буд.
Дар кӯча барфи реза меборид. Бод зарраҳои онро бозӣ дошта, ба чапу рост меафканд, чарх мезанонид, ба шишахои тиреза оварда мечаспонид ва боз рӯфтаву афшонида ба поён мебурд.
Ҳаво торик мешуд. Дар бинои рӯ ба рӯ, дар шӯъбаи ҷарроҳӣ кайҳо чароғ афрӯхтаанд.
Ин шаби саввуми дарози зимистон аст, ки духтур Суръат Наққош дар ҳамин ҷо, дар шӯъбаи касалиҳои асаб рӯз мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё