Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Сонӣ худи ман ҳам раъйи ӯро нагардондам, якчанд рӯз бо худ гирифта гаштам. Вай ҳатто камубеш бо забони русӣ гап мезадагӣ шуда буд. Охир, пеш аз рафтани полки худ, нағз ба хотирам меояд, ки ӯро ба сағирахонаи Душанбе дароварда, бо дасти худ ба варақаи шахсиаш тахминан чунин навишта будам:
«Ту писари полки мо будӣ. Агар зинда бошем, агар тақдир тақозо кунад, ягон рӯз ҳамдигарро хоҳем дид.
Балки ту дар он вақт ходими масъул, коркуни илмӣ ва ё мисли ман дар либоси ҳарбӣ мешавӣ. Ҳар кӣ ҳам шавӣ, дӯстии мову ту бо хуну ҷон пайванд гардид, ки фаромӯш шудани он ғайримумкин аст. Хон, ба камол рас, доно шав, писари тоҷик!»Баъд дар поёни ҳамин сатрҳо: «Командири полк Балашов» – гӯён имзо ҳам гузошта будам.
Генерал аз як кунҷ ба кунҷ дигари блиндаж қадам зада, аз Рустамов пурсид:
– Вақте ки шумо «Ман аз Тоҷикистон, аз Сталинобод» гуфтед, баногоҳ дилам гуп-гуп зад. Гумон кардам, ки шумо ҳамин ҳозир «Ман ҳамон писарак»
мегӯед.Мебахшед, номи шумо чӣ?
– Назар.
– Не, номи вай, агар қувваи ҳофизаам фиреб надиҳад, Сафар буд. Лекин шумо барин писараки сиёҳчашми мижгонҳояш дароз, афташ гандумгун буд.
– Мумкин аст вай ҳам ҳозир дар қатори дигарон дар майдони ҷанг, дар ягон заминкан нишаста бошад. Кӣ медонад, рафиқ генерал, балки як рӯз не, як рӯз дар роҳҳои фронт бо ӯ рӯ ба рӯ омада мемонед, – гӯён Рустамов тахмини генералро қувват дод. – Оре, оре, ин ҳам мукин аст, бешубҳа. Ана ҳисоб кунед, аз соли ҳазору нӯҳсаду бистуҳафт-бистуҳашт, ки вай ҳафтҳаштсола буд, ҳоло чанд сол гузаштааст?
– Сездаҳ-чордаҳ сол.
– Бале, сездаҳ-чордаҳ сол. Вай ҳоло албатта ҷавони бистуду – бистусесолаи як олам корро саришта мекардагӣ шудааст, ба ин шӯбҳае нест... Бинед, чӣ хел солҳо зуд мегузаранд. Гӯё ин ҳикояю қиссаҳо дирӯзакак буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё