Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
БОБИ ДУЮМ
Офтоб ҳанӯз аз машриқ сар набардошта буд. Рӯи заминро тумани тунук мисли дока мепӯшонд. Чор атроф хомӯш. Ҳатто баргҳои зардчатоби дарахтон ҳам намеҷунбанд, гӯё онҳо дар ин субҳи барвақт ба кадом як сирри табиат гӯшбақиморанд... Танҳо дар ҳар ҷо – ҳар ҷо гунҷишку мусичаҳо чириқ-чириқ, ку-кукунон аз як шоха ба шохаи дигари дарахтон парвоз мекарданду парубол меёзонданд. Аз чор гӯшаю канори қишлоқ мааси гову гӯсола, бааси бузу бузғолаҳои ба подараванда шунида мешуданд. Ба ҳамаи ин овозҳо шавваси рӯди шӯхоби аз мобайни қишлоқ гузаранда ҳамовоз мешуд.
Ин рӯди Қаротоғ буд. Вай аз паси силсилаи кӯҳҳои Ҳисор, қариб аз наздикиҳои кӯли Искандар сар гирифта меомад. Ҷӯйборҳои майда-майда, ки аз оғӯши кӯҳҳо меомаданд, ба як дара фуромада бо ҳам пайваст мешуданд ва аз он ҷо оби пурталотуми нуқратоб ба сангу шохаҳо пош хӯрда, ба қишлоқи Ҷӯйбор меомад ва баъд ба водии ҳамвор, ба сӯи ҷануб фуромада мерафт.
Дар ҳар ду канори ин рӯд хонаҳои истиқоматии аҳли қишлоқ бино ёфта буданд. Дар пеши ҳар хона полез ва майдончаи ниҳолзоре буд, ки гирдогирди онҳоро ба ҷои девори гилу сангин, шоху химчаҳои ба ҳам бофташуда фаро мегирифтанд.
Дар поёнтари рӯд, дар қисми ҳамвортари қишлоқ, дар сари роҳи сербари мошинагард якчанд иморатҳои нав низ бино ёфта буданд. Инҳо бинои мактаби миёнаи нопурраи қишлоқ, идораи Совети қишлоқ ва правленияи колхози «Коммуна», клуб, чойхонаи сурх, магазини селпо буданд ва ба назари ҳар як шахси аввалин бор ба ин ҷо омада мисли як гӯшаи хурди шаҳри обод намудор мегаштанд. Ду чинори куҳансоле, ки дар ду тарафи кӯча, дар назди идораи колхоз қад кашида буданд, ба кӯча ва ба як қисми биноҳо соя меафканданд. Насими кӯҳсор баргҳои шабнамхӯрдаи чинорро ба ҷунбиш меовард.
Ҳангоме, ки шӯълаи офтоби субҳ ба рӯи баргҳои чинор афтод, аз тарафи шарқ, аз роҳи калон мошини боркаше ба қишлоқ даромада, ба як тарафи роҳ, дар рӯ ба рӯи бинои мактаб омада истод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё