Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар болои мошин, ғайр аз бор, се-чор каси дигар ҳам буданд. Онҳо баробари истодани мошин, аз болои вай ба замин ҷаҳида фуромада, чангу ғубори сарулибоси худро афшонданд. Аз байни онҳо ҷавони миёнақади чорпаҳлӯ, кулчарӯ, ки дар як даст чизи ба коғаз печондае дошт, аз пеши машина рост ба сӯи бинои мактаб равон шуд.
Вай ҳанӯз ба зинаи дари даромади мактаб пой нагузошта, аз дари мактаб пой нагузошта, аз дари мактаб мӯйсафеди серрише, ки дар тан яктаки алоча дошт ва аз болояш миёнбанди хокистарранг баста буд, баромада омад. – Ана, олам гулистон, биёед, муллоҷон, – гуфт пирамард ба ҷавон дасти мулоқот дода. – Як рӯз гуфта панҷ шабу панҷ рӯз рафтед-а, чӣ шуд, хотирҷамъӣ-мӣ?
– Маориф нигоҳ дошта монд, Юнусбобо, – ҷавоб дод он ҷавон аз дари мактаб ба дарун даромада, – худи шумоён чӣ тавр, дарсҳо бетаъхир гузашта истодааст?
– Ҳа, шукр, хотирҷамъӣ, ҳамаи кор дар ҷояш, – гуфт боғбони мактаб Юнусбобо калиди идораи мактабро аз миёнбандаш кушода гирифта. – Худо хайри муаллимаро диҳад, духтари қобил будааст, ҳамаи корро гуфтагетон барин саришта кард.
– Бисёр нағз, – гуфт ҷавон бо мамнуният ва ба идораи мактаб даромада ба гап давом кард: – Акнун минбаъд ҳам ҳамаи корро худи муаллима бояд саришта кунанд, Бобо.
Юнусбобо ба чӣ мақсад гуфта шудани ин сухани мудири мактаб Сафар Одинаевро нафаҳмидагӣ барин ба рӯи сертабассуми ӯ саволомез нигоҳ карда пурсид:
– Хӯш, боз ягон гапи тоза овардед-мӣ, писар?
– Гапи тоза бисёр, сонӣ батафсил мегӯям. Кӯтоҳаш ҳамин, ки ба аскарӣ меравам. Ба ҷои ман Зебӣ мемонад. Лекин ҳозир ин гапро ба гӯши касе нарасонда истед. – Таъкид кард Сафар ба Юнусбобо.
– Аз ростӣ ё ҳазил? – такрор пурсид Бобо чашмони ҳайратангези худро аз Сафар наканда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё