Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ман аз асп фуромада ба назди зан рафтам ва зуд духтури полки мо ҳам ҳозир шуд. Дар миёнаи кӯча ҷое набуд, ки духтур тани маҷрӯҳи писараки ӯро дида даво кунад. Бобо аз зан пурсид: – Хонаат куҷо?
– Ҳо, ана, – гӯён занак бо дасташ як хонаи бомаш хаспӯши дар он тарафи кӯча бударо нишон дод. Бобо, духтур, фелдшер ва ман занакро бо писараш ба хонааш бурдем. Дар хона ғайр аз бурё, як кӯрпачаи кӯҳнаи ҷиғда – ҷиғда, ду-се табақу косаи чӯбин дигар чизе набуд.
Буду шуди ин хонаро ҳам, мисли дигар хонаҳои қишлоқ, босмачиён толону тороҷ кардаанд. Ҳатто ба зери сари фарзанди нимҷони ӯ болин ёфт нашуд. Бобо ҷомаи худро кашида, ба таги сари ӯ гузошт. Вақте ки дасти духтур ба пою шонаи писарак мерасид, вай аз дард нолиш мекард, се ҷои сараш кафида буд. Медонед, босмачиён ба ин кӯдаке, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯи шири модар нарафтааст, чӣ ваҳшигарӣ кардаанд? Дар аснои гурехтани босмачиён ин писар дар кӯча аз паси онҳо бо завқи бачагӣ бо овози баланд «Уре, уре» гуфтааст. Яке аз йигитҳои босмачӣ аз ин кори писарак ба хашм омада, аспи худро ба болои ӯ давонда, шонаю пои рости писаракро маиб карда, сарашро кафондааст. Хулоса, модари ягона фарзанд, ки аз писараш ноумед шуда, сарашро ба замину девор мезад, баъд аз ду-се рӯз бо лабу рӯи пур аз ханда, чӣ тавр миннатдорӣ изҳор кардани худро надониста, се-чорта тухми пухтагӣ, ду дона нони зағора дар даст ба назди ман омад. Бинед, як зани ба ғорати босмачиён гирифторшуда нисбат ба мо чӣ гуна муҳаббати самимӣ изҳор мекард. Писари ӯро мо дар қисми санитарии худ хобондем, полки мо ҳам қариб якякуним моҳ дар ин қишлоқ қарор гирифт. Он занак бошад, ҳамчун ҷомашӯи мо то рафтанамон хизмати моро аз дилу ҷон баҷо овард ва мо ба ӯ музди кор медодем.
– Писарак охир сиҳат шуд-мӣ? – савол дод капитан Рустамов.
– На фақат сиҳат шуд, аз қафои мо чашми модари худро хато карда, то Душанбе омад. Чандин бор баргардонданӣ шудем, худашро ба замин партофта ғавғо мебардошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё