Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Мутлақо рост аст, рафиқ генерал, – тасдиқ кард капитан Рустамов аз ҳикояи диқкатангези генерал ба завқ омада, – ман ҳам ин хел ҳодисаҳоро бо чашми худ дидаам.
– Ҳа, бале, воқеан шумо ҳам бояд донед. Ҳоло аз ин ҳам аҷибтарашро гӯш кунед, – гуфт генерал дар рӯ ба рӯи Рустамов рост истода. – Рӯзе ки мо аз охирин қишлоқ, аз қишлоқи калонтарини дар домани кӯҳ, дар ду тарафи як дарёча паҳншуда босмачиёнро пеш кардем, номи ин қишлоқ... номи қишлоқ... – гӯён генерал аз гап бозистоду бо ангуштонаш пешонаашро дошта каме дар фикр монд, – ҳа, номаш аз бисёрии ҷӯйҳо гирифта шудааст.
– Ҷӯйбор-ку не? – пурсид Рустамов номи қишлоқҳои калонтарини Ҳисорро як-як ба хотир оварда.
– Ҳа, Ҳа, худи худаш, Ҷӯйбор... – гуфт генерал.
– Ҳозир ҳам номаш Ҷӯйбор, рафиқ генерал.
– Бале, бисёр хуб. Баъд вақте ки босмачиёнро аз ҳамон қишлоқ пеш кардем, дар миёнҷои кӯчаи қишлоқ одамон моро печонда гирифта, бо ашки шодӣ бӯса мекарданд, миннатдорию раҳматҳо мегуфтанд. Дар айни ҳамин вазъият як зани сарлучу пойлуч, мӯйҳояш парешон, синабараҳна дар дасташ як бачаи шаш – ҳафтсолаи куртаҳояш ҷиғда-ҷиғда хунолуд бо нолаю фиғон аз мобайни мардум зада ба пеши аскарбачаҳо омад.
Вай ончунон аламзада буд, ки на дар чашмаш ашк, на дар рӯяш хун дошт. Ба ҳар як аскарбача мечаспид, чашмони ҳаросони худро ба чор тараф дӯхта, касеро меҷуст.
– Кӣ, кӣ, киро меҷӯӣ, модар? Худаш чӣ гап? – гуфта пурсид Бобои мо аз пеши ман ба пешвози он зан давида. Чи тавре ки сонӣ ба ман фаҳмонданд, занак мегуфт:
– Куштанд, кабӯтарамро куштанд, очекат садқаи ҷони ширинат, кӣ арзи маро мешунавад?!
Генерал аз ҳикояи худ ба ҳаяҷон омада папиросро болои ҳам мекашид, дуди онро аз димоғу даҳонаш бароварда боз ба гап давом мекард:
– Бобо одамонро ба қафотар тела дода, занакро пурсид. Вай фарзанди хунолуди худро ба ӯ нишон медоду баландтар фиғон мебардошт.

пешина
аз 333
навбатӣ