Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Ман имкон надорам, ки шуморо бо палав зиёфат кунам. Шумо ибо накунед, капитан, мо ҳам дар меҳмониҳои тоҷикон кам нону намак нахӯрдаем. Шумо имрӯз меҳмон, пагоҳ бошад, баҷооварандаи фармон ҳастед.
– Хуб, рафиқ генерал, итоат, – ҷавоб дод Рустамов ба назди столи таомхӯрӣ омада.
Онҳо ба хӯрокхӯрӣ нишастанд, генерал Рустамовро як-ду қадаҳ май ҳам зиёфат карду баъд қиссаи худро давом дод.
– Агар хато накунам, – гуфт каме фикр карда генерал, – аввалҳои тирамоҳи соли ҳазору нӯҳсаду бистуҳафт ё бистуҳашт буд. Ман дар он вақт командири полки савора будам. Полки мо аз шаҳри Тирмиз, шаҳре ки ҳамаи гармии офтоб дар он ҷо ҷамъ шудааст, барои барҳам додани босмачиён ба воситаи районҳои Деҳнав, Сариосиё ба водии Ҳисор баромад. Чӣ хел ҷойҳои зебо, хушманзарае дорад водии Ҳисор!
Генерал табақчаи аз таом холӣшудаи худро дуртар тела дода, бо дастпоккун лабонашро пок кард ва рафта аз болои столи хатнависӣ папирос гирифта кашид.
Рустамов ҳам баъд аз генерал аз таом даст кашида аз ҷояш хест. Генерал ба ӯ барои нишастан рухсат дод ва худаш гоҳ нишаста, гоҳ хеста гап мезад.
– Вақте ки мо ба аввалин қишлоқи ин водӣ дохил шудем, ба мо як деҳқони камбағали серғайрат, ки аз босмачиён гуреза будааст, вохӯрд. Намедонам ҳоло зинда бошад ё не. Чӣ хеле ки ҳозир ҳам дар ёдам ҳаст, вай як марди шонапаҳни серришу мӯйлаб, абрувонаш то болои чашмаш хамида, кулчарӯй, дар як тарафи биниаш холи калон ҳам дошт. Номашро фаромӯш кардам. аскарбачаҳои мо ӯро Бобо меномиданд. Вай ба кори мо хеле ёрии калон расонд. Аз қишлоқу кӯҳҳо роҳ нишон дода, қароргоҳи босмачиёнро аз мардуми деҳаҳо дониста гирифта, хабари нав ба нав меовард.
Ҳар гоҳ, ки ягон қишлоқро аз босмачиён озод мекардем, аҳолӣ: «Худо оҳи камбағалонро шунида, ҳамроҳи Бобо лашкари мадад фиристод» – гӯён ба ӯ, ба аскарон оғӯш кушода мечаспиданд. Оре, ин бе муболиға гапи рост аст, рафиқ Рустамов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё