Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Генерал каме хомӯш монду баъд ба Рустамов нигоҳ карда пурсид:
– Шумо, албатта, ҳанӯз бо ин хел ҷанг сарукор надоштед?
– Не, рост аз курси такрории ҳайати командирон омада истодаам, – ҷавоб дод Рустамов.
– Аз ин пеш дар ҷангҳо иштирок надоштед?
– Фақат дар Тоҷикистон, дар ҷангҳои муқобили босмачиён иштирок карда будам.
– Чӣ тавре ки мегӯянд: бӯи дуди борут ба машоматон расидааст?
– Бале, камтар.
– Бинед, халқи мо, замини мо чӣ рӯзҳоро надид... – генерал чашмони кабудчатоби худро ба қафо тела дода аз ҷояш хест. Баробари генерал, Рустамов ҳам аз ҷояш хестанӣ буд, ки генерал ӯро ба нишастан водор кард. Дар ҳамин асно лейтенант дар бораи тайёр будани хӯрок хабар дод ва бо рухсати генерал ба столи чоркунҷаи таомхӯрӣ, ки дар як гӯшаи блиндаж меистод, дар табақчаҳо хӯрок оварда монд. Генерал рост истода ба гап давом кард:
– Интервентҳои хориҷӣ, сафедгвардиячиёни ватанфурӯш, босмачиёни ғоратгар моро буғӣ карданӣ шуданд, мехостанд хоки муқаддаси Ватанамонро поймол кунанд, занонро бева, фарзандонро сағир мононанд, кулбаҳои мардумро оташ зананд... Вале чизе ба онҳо муяссар нашуд. Ҳозир як воқеае ба хотирам омад, ки дар солҳои мубориза бо босмачиён, дар Тоҷикистон, дар полки мо рӯй дода буд. – Генерал аз оҳанги расмият ба сӯҳбати оддӣ гузашт. – Биёед, хӯрок хунук нашавад, чуноне ки дар байни мардуми шумо мегӯянд: «Аввал таом, в – онгаҳ калом» (генерал, аз афташ, зарбулмасалҳои тоҷикиро нағз медонист).
Капитан Рустамов дар пеши генерал хӯрокхӯриро ба худ муносиб надониста ва услубу одоби шарқиро баҷо оварданӣ шуда аз таомхӯрӣ узр хост. Генерал бо меҳрубонӣ ӯро ба столи таомхӯрӣ даъват кард ва бо чеҳраи кушод гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё