Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гӯед, ба рафиқ капитан ҳам хӯрок оваранд.
Лейтенант ба иҷрои фармоиш баромада рафт. Генерал суханро давом дод.
– Биёед, аввал дар хусуси корҳои расмӣ гуфтугӯй карда гирем, дар бораи диёратон бошад, сонӣ муфассалтар чақ-чақ мекунем. Магар шумо аз ин ҳам пеш дар армия хизмат карда будед?
– Бале, то соли 1938. Дар худи Сталинобод, дар полки савора хизмат мекардам. Баъд, аз сабаби носиҳатиам ба корҳои гражданӣ гузаштам.
– То сар шудани ҷанг дар корҳои гражданӣ будед?
– Ҳа, баробари сар шудани ҷанг боз ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ омадам.
– Саломатиатон?
– Аз аввала беҳтар аст, рафиқ генерал.
– Дар армия дар кадом вазифаҳо будед?
– Командири эскадрон, ҷонишини сардори штаби полк.
– Бисёр хуб. Метавонед дар қисми мо ҳам дар штаб кор кунед ва ё командирии ягон баталйонро гиред.
– Чӣ тавр ки шумо фармон диҳед, рафиқ генерал.
Лекин беҳтар мешуд, агар ба хати пеш мефиристодед.
– Дар фронт ҳар як участкаи дастраси тири милтиқу тӯп хатти пеши ҷанг ҳисоб мешавад, – гуфт генерал абрувони зардчатоби худро ҷиддӣ ба ҳам кашида, – чуноне ки маълум аст, барои техникаи ҳарбии замони ҳозира марзаи пеш ва ақиб – ҳар ду як майдони муҳориба аст. Махсусан мо дар маҳалле истодаем, ки ақибгоҳу хатти пеш, паҳлӯи пеш, паҳлӯи росту чап надорем. Вазъият мушкил ва хатарнок... Аз се тараф мудофиаи дарвозаҳои Москва ба дасти мо ва ҳамсояҳои мо супурда шудааст. Немисҳо бо тамоми қувва зӯр зада истодаанд, ки ҳамин шабу рӯз ба Москва зер карда дароянд. Аммо ба чор тараф сар зада сӯрохе намеёбанд. Вақте ки аз ин якчанд соат пештар хатти пеши ҷангро давр мезадаму аз ҷанговарон ҳолпурсӣ мекардам, як солдат (дар торикӣ афташро дида натавонистам) бо шеваи ғайрирусӣ гуфт: «Немис на фақат аз пеши мо, балки аз болои танку тӯпҳои маҷақшуда, аз болои ҷасади аскарони қиршудаи худаш ҳам роҳи гузар ёфта натавониста монд» гуфт.

пешина
аз 333
навбатӣ