Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Марҳамат, рафиқ Рустамов, – гуфт генерал барои капитан аз рӯ ба рӯи столи худ ба нишастан ҷой нишон дода.
То мактубро хонда шудани генерал дар блиндаж якчанд дақиқа хомӯшӣ ба миён омад. Лампаи мудаввари 40-ум, ки дар тарафи чапи стол дар болои сепояи оҳанин дармегирифт, ба пайкари чорпаҳлӯ ва ба рӯю мӯи аз куҳансолии генерал хабардиҳанда шӯъла меафканд ва забонаки чароғ ҳар замон аз мавҷи гулдурроси тӯппаррониҳои наздик ба ларзиш омада, лип – лип бозӣ мекард. Ин ба табъи генерал нафоридагӣ барин шуд ва ӯ ба мурвати фонус даст бурда пилтаи онро баландтар кард. Блиндаж боз равшантар шуд.
Пас аз мактубро хондан генерал бо пурсупоси расмӣ ба чеҳраи гандумгуни капитан чашм давонда гирифт ва тахмини худро муайян карданӣ шуда пурсид:
– Аз афтатон одами тарафҳои Осиёи Миёна менамоед?
– Ҳа, аз Тоҷикистон мешавам, рафиқ генерал, – гӯён Рустамов беихтиёр ба ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Тоҷикистон, ки дар сари синаи генерал дар қатори сечор орденҳои дигар ҷило медод, чашм андохт.
– Тоҷик ҳастед? – пурсид генерал ба даҳонаш папирос гирифта.
– Ҳа, аз худи марказ – Сталинобод.
– Собиқ Душанбе? – пурсид генерал бо гӯгирд папиросашро оташ дода.
– Ҳа, собиқ Душанбе, рафиқ генерал, бояд донед.
– На фақат медонам, аз оби дарёи Душанбе ҳам хеле нӯшидаам.
Генерал боз чизе гуфтанӣ шуда буд, ки лейтенант даромада барои хӯрок овардан иҷозат пурсид.
– Ин рафиқро сер кардед? – пурсид генерал пеш аз ба пурсиши лейтенант ҷавоб додан. Капитан якчанд соат пештар дар штаби армия хӯрок хӯрдани худро гуфт. Лейтенант ҳам дар ин ҷо ҳанӯз хӯрок нахӯрдани капитанро гуфт.
– Расму одати Шарқро дониста монед, – гӯён ба лейтенант насиҳатомез гап зад генерал, – аввал меҳмонро сер кардан ва баъд ғами соҳиби хонаро хӯрдан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё