Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ҳар ду ба хоначае даромаданд, ки ба воситаи он ба хонаи аз ин калонтари дигар ҳам даре кушода буд.
Дар хонача дар тарафи рост, ҷавони бориктани сафедпӯст, ки рутбаи лейтенантӣ дошт, ба рӯи саҳифаи кадом як китоби ғафс сархам менишаст. Вай баробари даромадани аскарбача ва шахси дуюм аз ҷояш хесту саломалейк кард ва баъд аз шунидани рапорти ҷанговар бо ҳуҷҷатҳои шахси ҳамроҳи ӯ омада шинос шуд.
– Генерал ба зудӣ бояд аз хати пеши ҷанг биёяд, – гуфт лейтенант бо одоби низомӣ. – Лозим меояд, ки камтар мунтазир шавед, рафиқ капитан.
Капитан бо таклифи лейтенант шинелашро кашид ва ба роҳрав баромада барфи онро афшонду оварда ба мехи либосовезак, ки дар паси дари даромад буд, овехт.Баъд дастони аз хунукӣ шахшудаашро ба ҳам молиш дода, ба назди бухории тафсони чӯянӣ омада ба курсӣ нишаст.
Аз мобайн қариб як-якуним соат вақт гузашта буд, ки билохир дари блиндаж кушода шуда генерали қоматбаланди дар сар телпаки қароқӯлӣ, дар тан пӯстини чармӣ даромада омад.
Лейтенанту капитан зуд аз ҷояшон бархостанд.
– Аз штаби армия ҳеҷ кас телефон накардааст? – пурсид генерал аз лейтенант.
– Не, рафиқ генерал. Лекин ана ин рафиқ бо пакети махсус ҳозир аз штаби армия омад.
Генерал ба сӯи капитан рӯй гардонд ва ба чеҳраи кушод ӯро аз сар то по синча кард ва конверти калони чоркунҷаи ба рӯяш сурғуч пахш кардаро аз дасти капитан гирифта, ба хонаи дуюм даромад ва капитанро ҳам ба даромадан таклиф намуд.
Капитан ба блиндажи генерал даромада, дар вазъияти низомӣ ҳозир ба фармоиши генерал истод. Генерал конвертро ба столи хатнависӣ гузошту баъд ба як гӯшаи блиндаж рафта, телпаки қароқӯлии хокистарранги болояш моҳути сурх ва пӯстини чарминашро кашида ба мех овехт. Сонӣ ба назди стол омада ба чашмонаш айнакашро гирифт ва конвертро кушода, ба хате, ки дар машинка чоп карда шуда буд, чашм давонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё