Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя

БОБИ ЯКУМ

Марди шинелпӯше, ки дар по пима, бар сар телпаки хокистарранги гӯшакдор дошт, аз як канори роҳи калону асфалтии назди фронт ба муқобили боди тунду тези зимистонӣ бармаҳал бардам – бардам пой ниҳода мерафт. Шамоли сахт барфрезаҳоро ба рӯю чашми ӯ оварда мезаду имкони сар бардоштан, чашм кушодан намедод. Вале мардак аз оғӯши боду бӯрон мисли уқоб сина ба пеш дода далерона роҳ мерафт...
Дам ба дам аз пешу қафои ӯ, аз роҳи асфалтӣ автомашинаҳои боркаш, ки болояшон бо брезент пӯшонда шуда буданд, автомашинаҳои сабукрави тамғаашон гуногун, ки мувофиқи намуди фасл ранг карда шуда буданд ва чароғҳояшон хира дармегирифтанд, бо чархи худ барфрезаҳоро ба ҳаво пош дода мегузаштанд.
Аз паҳлӯи чапу рост, аз бешазорҳои бепоён ғурриши ваҳмангезе ба гӯш мерасид, ки ин садои сайри шамоли бешазор буд. Ба ин ғурриши бод гулдурроси пай дар пайи тӯпу туфангҳо аз дуру наздик низ ҷӯр мешуд.
Ин – ноябри соли 1941, дар яке аз маҳалҳои даромадгоҳи Москва буд. Он мард то торик шудани шаб роҳ рафта, ба чорраҳае баромад. Дар ин ҷо ба назди ӯ шахсе, ки ба сари синааш автомат овехта буд, ҳозир шуд ва баъд аз пурсуҷӯи ҳуҷҷату мақсад ӯро бо ҳамроҳии ҷанговари дигар ба як пайраҳаи бешазор равона кард.
Ҳамин ки сиёҳии онҳо дар бешазор ғоиб шуд, касе садо баровард. Ҷанговари гуселкунанда ҷавобан ба ин овоз паролро гуфт ва он мардро аз паси худ пеш бурда, дар назди роҳраве, ки аз замин қариб ним метр чуқуртар канда шуда буд, нигоҳ дошт. Баъд худаш пештар рафта, дари блиндажеро, ки бомаш аз замин қариб ним метр баландтар менамуд ва аз як гӯшаи он, аз мӯрии танге дуди ғафс ба ҳаво баромада паҳн мешуд, кӯфт. Баробари аз дарун баланд шудани ҷавоб, аскарбача ҳамроҳи худро низ ба даромадан таклиф кард.

аз 333
навбатӣ