Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Онҳо ба остонаи дари даромади мактаб баромада буданд, ки шаббодаи серун забонаки чароғро ба ларзиш овард.
– Бобо, шумо баргардед, боз шамол чароғатонро хомӯш накунад, – гуфт Сафар ҳазломез.
– Не, садқа, ҳоло ба куштани чароғи мо зӯри ин шамолҳо намерасад, – ҷавоб дод Бобо ва бо муаллиму муаллима хайрухуш кард.
Ҳамин ки равшании чароғ ғоиб шуд, Сафару Зебӣ ба роҳ даромада, дар торикӣ якчанд дақиқа чизеро надида монданд. Ҳар ду беихтиёр ба осмон нигоҳ карданд. Дар осмон ситораҳои беҳисоб чашмак мезаданд.
– Торикии шабро бинед-а? – гуфт Зебӣ.
– Чӣ қадар торик бошад ҳам, гуфти шоир: – Поёни шаби сияҳ сафед аст...
Зебӣ ҳам дарҳол ба Сафар мисраи авввали ин шеърро такрор кард:
– Дар ноумедӣ басе умед аст...
Зебӣ аз он ки ин мисраъҳо дар вақташ ва мос омаданд, хеле мамнун гашт ва бо ин гуфтугӯи кӯтоҳ онҳо як китоб маънидод карда гирифтагӣ барин, якчанд қадам хомӯш роҳ рафтанд. Пеши чашми онҳо оҳистаоҳиста равшан шуда, сиёҳии дарахтон, хонаҳо ва аз дур кӯҳҳо як-як намудор мешуданд...
Баъд аз каме хомӯшӣ Сафар гап сар кард:
– Зебӣ, одам аҷаб хислатҳо дорад-а?
– Масалан?
– Масалан, ба гумонам, дар дунё касе нест, ки бе ягон умеду орзу зиндагӣ мекарда бошад.
– Худи шумо чӣ орзую умедҳо доред?
– Хеле бисёр. Гап дар ҳамин, ки чӣ қадар ба умеду орзу расед, дар дилатон боз ҳамон қадар умеду орзуҳои нав бедор мешудааст.
– Агар махфӣ набошад, ягонтаашро мегуфтед?
– Кадом яктаашро гӯям? Ҳанӯз аз солҳои дар интернат буданам орзу мекардам, ки оё ман ҳам лоиқи пӯшидани либоси ҳарбӣ мешуда бошам. Ана, ҳоло бошад як дараҷа ба ин орзу расидам.
– Боз чӣ?
– Боз ҳамин ки бо як худи пӯшидани либоси ҳарбӣ кор тамом намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё