Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Дар пеш хизматҳои душворе истодаанд, ки аз адо кардани вай кӣ ва чӣ будани кас маълум мегардад.
– Магар ба худатон боварӣ надоред?
– Чаро надошта бошам, дорам. Лекин дар паҳлӯи ин боварӣ орзую умедҳои дигар ҳам ҳастанд, ки коре карда ба онҳо расидан лозим.
– Ин, ба фикрам, ба ҳиммату ғайрати худи кас вобаста аст.
– Ҳам ба ирода, – илова кард Сафар.
– Ҷӯянда ёбанда аст, гуфтаанд, муаллим!..
– Бале. Лекин ҷӯянда ёбаду ёфтаашро боз аз даст диҳад, алами аз ин бадтар нест...
Ин гапи Сафар ба Зебӣ киноя барин расид. Вай ҳам дарҳол ба Сафар бо оҳанги таънаомез ҷавоб дод:
– Вой бар ҳоли ҷӯянда, ки ёфтаашро боз ба осонӣ аз даст медиҳад...
– Ҳамон кас ёфтаашро зуд бой медиҳад, ки вай барои нигоҳ доштани он қобил набошад... – илова кард Сафар ҷавобан ба Зебӣ.
– Охир шумо аз қобилҳо ҳам қобилтар-ку...
– Аз ҳад зиёд гуфтед, ҳанӯз ҳамаи кор дар пеш.
Ҳар ду гапзанон ба назди ҳавлии Зебӣ омада мондани худро пай набурданд. Фақат пас аз он ки чароғи хонаи Зебиино аз роғҳои дари яктабақаи ҳавлӣ ба рӯи онҳо шӯъла афканд, Сафар аз роҳ истода гуфт:
– Ба гап овора шуда қариб буд, ки аз пеши даратон гузашта равед...
– Биёед, ба хонаи мо, – таклиф кард Зебӣ.
– Раҳмат, дер шуд, аз хоб намонед.
– Дар ин хел вақтҳо хоб ҳаром...
– Шумо ҳалол хоб раведу хобҳои нағз бинед, – гуфт Сафар бо Зебӣ хайрухуш карда.
– Раҳмат, шумо ҳам хоби ширин бинед, – ҷавоб дод Зебӣ ва ҳанӯз Сафар аз пеши дар панҷ – даҳ қадам дур нашуда, аз қафо ӯро фарёд карда гуфт:
– Муаллим, ба шумо як хат буд, қариб фаромӯш карда будам, – Зебӣ аз кисааш як конверти дуқад кардашударо бароварда ба Сафар дароз кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё