Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
– Аз кӣ? – пурсид Сафар.
– Намедонам, имрӯз як мактаббача оварда дода буд.
– Раҳмат, гӯён Сафар дар шӯълаи чароғ ба рӯи конверт ҳарчанд чашм дӯхта бошад ҳам, ҳеҷ чизро дида натавонист ва ӯ бо Зебӣ бори дигар хайрухуш карду то аз дар даромадани Зебӣ мунтазир истод ва баъд худаш ҳам ба сӯи хонааш роҳ гирифт.
Вай то ба хонааш расидан дар бораи муносибати ба худаш доштаи Зебӣ, дар бораи ояндаи худ ва алалхусус дар бораи хабари ба Зебӣ хостгорӣ фиристодани Мамараҷаб ба гирдоби фикру хаёлҳо фурӯ мерафт. Сафар худ ба худ чӣ фикрҳо намекард: «Чаро Зебӣ дар бораи хостгор фиристодани Мамараҷаб ба ман чизе нагуфт, чаро хабари ба аскарӣ рафтани ӯро бо як ҳайрати ногаҳонӣ шунавид? Аҷаб нест, ки онҳо дар байни худ ягон аҳду паймон дошта бошанд? Дар ин ҳол чаро Зебӣ ба ман ин қадар муносибати самимӣ ва баъзан меҳрубонона ҳам дорад. Чаро? Ё ӯ мехоҳад, ки бо ин ҳама сирру асрори маро фаҳмида гирифта азони худашро рӯпӯш кунад?!»
Сафар боз аз фикру хаёлҳо, гумонҳои бесару нӯги худ худдорӣ мекарду ба чунин хулоса меомад: «Хайр, ман магар зӯрӣ дорам. Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Раҷаб ҳам як ҷавони босавод, дар кори худаш фоиданок...»
Сафар гоҳ ин тавр, гоҳ он тавр фикр карда ба ҳавлиаш омада мондани худро надонист. Дар кушода буд. Модари Сафар баробари аз дар даромадани Сафар роҳи ӯро бо лампа равшан кард.
– Оча, лампаи хонаи маро гирон.
– Гирондагӣ, писарам, паст карда монда будам. Чаро ин қадар дер мондӣ?
– Кор бисёр буд.
– Хайр, ҳамаашро тахт кардӣ?
– Ҳа, – кӯтоҳ ҷавоб дод Сафар ва ба хонааш даромада пилтаи чароғи дар болои миз истодаро баланд кард ва дарҳол мактуби Зебӣ супурдаро кушод. Баробари сарлавҳаи мактубро хондан аз пеши чашмони Сафар раъду барқ гузашта рафтагӣ барин шуд. Дилаш беқарор зада, мактуби дар дасташ буда пир – пир меларзид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё