Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«Зебинисои азиз! – навишта шуда буд дар рӯи коғаз, – Ин мактубро гирифта ҳайрон нашавед. Инро шиноси кӯҳнаи шумо Мамараҷаб менависад. Ман бо ҳамин мактуб мехостам хоҳиши чандинвақтаи худамро ба шумо гӯям. Боварӣ дорам, ки шумо маро хуб медонед ва мешиносед ва ман ҳам шуморо дар қишлоқ аз ҳама беҳтар медонам ва агар қаҳри шуморо наоварам, дӯст медорам.
Қарор додам, ки бо шумо якҷоя хонаю ҷой созаму якҷоя умр ба сар барам... Барои ҳамин ба хонаатон хостгор ва ба худатон ин мактубро фиристодам.
Ду чашм дар ҷавоби шумо ҳастам.
Мамараҷаб, 20-уми ноябри соли 1941».

Сафар ин сатрҳоро бо як ҳаяҷону азоб мехонд, торафт тапиши дилаш тез мешуд. Вай дар охири ин мактуб боз ду-се сатри дигар, ки бо хати зебо навишта шуда буд, хонд:
«Муаллими мӯҳтарам!
Вақте ки ин мактубро яке аз талабагони мактаб ба дастам оварда дод, ман гумон карда будам, росташ умед ҳам доштам, ки ин аз шумо бояд бошад. Аммо афсӯс, ки гумону умедҳои ман хоби шаб барин гузашта рафтанд...
Агар ин сатрҳои самимонаи ман боиси, қаҳри шумо гардад гуноҳ ба гардани соҳибаш.
Шабу рӯз орзу мекунам, ки шамшератон бурро, сафаратон бехатар бошад.
Зебӣ, 21-уми ноябри соли 1941».

Ин сатрҳо, баъд аз мактуби Мамараҷаб, ба Сафар дар саратони гарм ба синаи тафсидаю сӯхтаи кас насими форам расидагӣ барин шуд. Вай ҷавоби Зебӣ ва мактуби Мамараҷабро аз аввал то охир якчанд бор такрор – такрор мехонд ва аз ин гӯша ба он гӯшаи хона беқарор қадам мепартофт. Ҳатто ӯ ба таоме ки модараш ба болои миз оварда монда буд, эътибор ҳам надода, ба ким-чӣ хаёлҳои ширин фурӯ мерафт.
Ҳамин тавр, Сафар хеле вақт гоҳ нишаста, гоҳ хеста фикр мекард.

пешина
аз 333
навбатӣ