Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба Зебӣ ҷавоб ҳам навиштанӣ шуд. Вале аз ҳаяҷон ва изтироб чӣ ва чӣ хел навиштанро намедонист. Охир ба рӯи кат дароз кашида боз ғарқи хаёлҳои ширин гардид.

БОБИ ШАШУМ

– Ҳо, очаи Сафар!
– Ҳа, мана ман, аз ин ҷо биёед, хоҳар.
– Ассалом, даррав хеста омадед-дия?
– Ассалом. Ҳа, аз хона ҳамроҳи Сафар баромада будам.
– Инро бинед, дар як дам чӣ қадар одам ҷамъ омадааст?
– Рост гуфтед, худи як тӯю маърака барин.
Модари Сафар Умрихола ба аммаи Зебӣ – Бибизайнаб аз паҳлӯяш ҷой дод.
Бошишгоҳи колхози «Коммуна», ки аз мактаби деҳа каме болотар буд, аҳолии деҳа – занону мардон, духтарону писарон ва мактаббачагон лиқ пур шуда буд.
Пештар омадагон дар курсию харакҳо, сонитар омадагон дар тоқчаи тирезаҳои клуб зич паҳлӯ ба паҳлӯ менишастанд. Як гурӯҳ одамон дар поёни толор рост меистоданд.
Дар қатори пеши курсию харакҳо ғайр аз пирамардон ва занон, инчунин як тӯда мактаббачагони дар гарданашон галстуки сурхи пионерӣ ва дар танашон либосҳои наву тоза менишастанд, ки ҳар замон бо овози ҷарангосӣ сурудхонии онҳо тамоми толорро фаро мегирифт.
Дар пешгоҳи бошишгоҳ дар саҳнаи хурдакаки чоркунҷа миз ва дар гирди он панҷ-шаш курсӣ меистод. Ба рӯи миз сатини сурх партофта шуда буд. Деворҳои бошишгоҳ бо шиору лавҳаҳои гуногун, бо сурати роҳбарони партия ва ҳукумат зинат ёфта буданд. Дар рӯ ба рӯ, дар тоқи саҳна шиори «Салом ба фарзандони азизи мо, ки ба сафҳои Армияи Сурх мераванд!» овехта шуда буд.
– Писаратон наменамояд? – баъд аз ба одамони ҷамъомада чашм давонда гирифтан, аз модари Сафар пурсид Бибизайнаб.

пешина
аз 333
навбатӣ