Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Дар ҳамин ҷо бо ҳамроҳонаш гапзанон истода буд, навакак ҳамаашонро раис ҷеғ зада бурданд.
– Боз киҳо мерафтааст, фаҳмидед?
– Аз деҳаи мо боз се кас мегӯянд: укои раис, ҷияни Одил саркор, Наврӯз, сонӣ боз ду-се касро ном гирифта буд, аз ёдам баромад.
– Мамараҷаб бошад?
– Котиби колхозамонро мегӯед-мӣ? – пурсид Умрихола ва баробари сар ҷунбонидани Бибизайнаб ҷавоб дод. – Не, Мамараҷабро панҷ-шашрӯза ҷавоб додаанд.
Боз ду-се ҷавонмарди дигар аз деҳаи боло – аз Яккабед.
– Илоҳӣ ҳамаашон сиҳат рафта саломат биёянд, аҷаб рӯзи сахт омад.
– Аввало Худо, дуюм худи ҳукуматамон дар паноҳаш нигоҳ дорад, – гуфт модари Сафар ва пас аз нафас рост кардан аз Бибизайнаб оҳиста пурсид, – хайр, аз хостгорҳоятон гап занед, хоҳар?
– О, хоҳарҷон, чӣ гӯям? Шамол барин аз ин тараф даромада, аз он тараф баромада рафтанд. Ихтиёри Зебӣ ба худаш гуфтам, худаш хоҳад, касеро, ки ёбад, вай кори ӯ, дар ин вақт кӣ ба ихтиёри худаш духтарро ба шавҳар бароварда медиҳад?
– Худи Зебинисо чӣ мегӯяд?
– Хомӯш. Аз афташ ба худаш ҳам гап задагӣ барин.
Дина аз кор дер омад, дар болои дастархон авзоашро фаҳмам гуфта, нӯги гапро бароварда будам, ки «ҳамин вақт ин гапҳо ба гӯши кӣ мефорад, амма? Шабу рӯз хаёли мардум дар ҷанг бошаду шумою ман тӯю тамошо гуфта шинем, ба дили кӣ меғунҷад?» гӯён, гапро калтаю кӯтоҳ карду монд.
– Коратон набошад, Худо хоҳад, Сафарам аз ҷанг сиҳат – саломат баргардад, худам ба хостгорӣ меравам, – гуфт модари Сафар оҳиста ба Бибизайнаб бо ханда.
– Канӣ, кошкӣ, то ҳоло дар куҷо будед? Худаш ҳам Ба Сафарҷон дилаш кашол барин, – ҷавоб дод Бибизайнаб ва ба тарафи Зебӣ, ки дар пеши мактаббачаҳо рост меистод, як назар партофт.

пешина
аз 333
навбатӣ