Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ба ҷияни мудири магазини селпо Мирбадал – котиби колхоз Мамараҷаб ҳам повиска омадааст.
Баробари шунидани номи Мамараҷаб Зебӣ ба сӯи Юнусбобо ҳайрон нигоҳ карду пурсид:
– Кай?
– Навакак ба чойхона баромада будам, раис гуфт.
Сафар аз хабари Юнусбобо якбора ба ҳайрат афтода, дигаргун шудани авзои Зебиро мушоҳида карду дар тааҷҷуб монд. Зуд ба фикраш гумонҳои дигар омад. Ба вай рӯзона гӯшрас шуда буд, ки Мирбадал ба хонаи Зебӣ аз ҷониби Мамараҷаб хостгор фиристодааст. Аммо аз натиҷаи он ҳанӯз бехабар буд. Сафар умедвор буд, ки ё Зебӣ ва ё Юнусбобо ӯро аз ин гап хабардор хоҳанд кард. Лекин касе чизе нагуфт. Ба ҷои ин ҳоло дигаргун шудани вазъияти Зебиро дида, хаёлаш ба ким-куҷоҳо рафт.
– Мумкин аст бо Мамараҷаб ҳамроҳ равем, – гуфт Сафар вазъияти худро нафаҳмонданӣ шуда.
– Нағз мешуд, – ҷавоб дод Бобо, – ба ҳар ҳол, бо шумо якҷо бошад, ҳарчи дар мусофират дар паноҳи якдигар мебудетон.
– Ҳа, ҳа, албатта, хуб мешуд, – тасдиқ кард Сафар боз ҳаяҷони худро зер карда.
Зебӣ аз тағйир ёфтани оҳанги суханҳои Сафар дар чӣ вазъият будани ӯро пай бурду лекин худро ба нодонӣ андохта, ба рафтан ҳозир шуда аз Сафар пурсид:
– Шумо ҳам ба хона меравед?
– Ҳа, ғайр аз ба хона рафтан дигар коре намонд, вақт ҳам хеле шуд.
– Наход бевақт шуда бошад? – Зебӣ ба соати деворӣ нигоҳ кард, – акнун даҳуним шудааст-ку.
– Боз пагоҳ дарс набаромада монед, – гуфт Сафар бо оҳанги пичинг.
– Аллакай бовариро гум кардед-а? – ҷавоб дод Зебӣ.
– Не, ин ғамхӯрӣ аз камоли боварӣ аст, – илова кард Юнусбобо ба дасташ лампаро гирифта.
– Ёфтед, Бобо, – ҷавоби Боборо тасдиқ карда гуфт Сафар.
– Бобо, шумо ҳам хеле ба гап усто-куя, – хандида гуфт Зебӣ.

пешина
аз 333
навбатӣ