Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай торафт ба мутолиаи ин роман фурӯ рафта, ҳаёт ва муборизаҳои дурахшони Павел Корчагинро ҳамин ҳоло бо чашмони худаш дидагӣ барин мешуд.
Сафар дар ҳамин вазъият хеле вақт чашм аз китоб наканд. Аз мобайн як не, ду-се соат ҳам гузашта рафт.
Модари ӯ ҳар замон омада аз пеши дар ӯро хабар мегирифту боз ба писараш халал расонданро нахоста, ба хонаи худаш бармегашт. Вақте ки модар чорумин бор аз остонаи дар ба Сафари дар рӯи кат дарозкашида назар кард, вай рӯяшро бо китоб пӯшида ба хоб рафта буд. Модар оҳиста ба хона даромаду фонусро хомӯш кард. Баробари хомӯш шудани фонус пеши чашми Умрихоларо як дам торикӣ фаро гирифт. Вале дере нагузашта моҳтоб, ки аз рӯ ба рӯи тирезаи хона ба осмон сар мебардошт, хонаро бо нури нуқравори худ равшан кард...

БОБИ ПАНҶУМ

Зебӣ аз чамани нуздаҳ баҳори умр гул чида, акнун ба бист қадам ниҳода буд.
Вай миёнақад буда, рӯи гандумгун, чашмони сиёҳи ҷозибанок дошт. Ин духтари қобилу хоксорро дар деҳаи Ҷӯйбор аз хурд то калон хуб мешинохтанд.
Солҳои бачагии Зебӣ дар ҳамин деҳа гузашт. Вай баъд аз вафоти падару модараш, дар дасти аммааш Бибизайнаб монд. Бибизайнаб ӯро то дувоздаҳсолагиаш парасторӣ кард ва дар синни сездаҳсолагиаш, баъд аз тамом кардани мактаби ибтидоии қишлоқ, ба омӯзишгоҳи педагогии занонаи Сталинобод фиристода буд.
Ҳамон соле, ки Зебӣ ба остонаи омӯзишгоҳ қадам ниҳод, Сафар як сол пеш аз вай мактаби миёнаро тамом карда, ба институти педагогӣ, ба факултети забон ва адабиёт дохил шуда буд.
Шиносии онҳо, ғайр аз он ки ҳамдеҳа буданд, дар давоми таҳсил торафт наздиктар ва самимитар шуда, аз тарафи дигар расмӣ давом мекард.

пешина
аз 333
навбатӣ