Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Вақтҳое буд, ки мо ҳам дар айни умри ҷавонии худ аз зану фарзанд ҷудо шуда, деҳа ба деҳа, кӯҳ ба кӯҳ бо аскарҳои худамон босмачиҳоро пеш карда мегаштем. Ана, умрамон боқӣ будааст, то ҳамин рӯзҳо расида, каму беш роҳат дидем. Боз насиб бошад, ҷанг тамом мешавад, писарони мо душманро мағлуб карда сиҳат ва саломат баргашта меоянд ва ба рӯзҳои нек мерасем...
– Хуб гапҳотон қӯр гирифт аз афташ, – гӯён Сафар ба ҷои худаш омада нишаст ва Юнусбоборо рафтан намонда, ба модараш фармуд, ки ошро кашида оварад. Баъд аз таом ҳам Юнусбобо боз бо Сафар хеле сӯҳбат карда, баъд аз ҷояш хестанӣ шуд...
– Акнун ман рафтам. Дар мактаб ҳам ҳеҷ кас набуд, шаб ҳам бевақт шуд...
– Ҳоло барвақт, соат чоряк кам нӯҳ, – ҷавоб дод Сафар соати дастиашро дида ва ба Бобо таклиф кард,
– шинед, Бобо, боз ягон чойнак чои гарм нӯшем!
– Ҳа, гапзанон нишастед-дия, додар, – ба таклифи Сафар ҳамроҳ шуд модари ӯ.
– Дар мактаб боз якчанд корҳои муаллима таъйин кардагӣ ҳам буд, – гуфт Бобо аз ҷояш хеста, – шумо пагоҳ ба мактаб меоед-а?
– Ҳа, албатта. Ҳоло то корҳоро супурда хотирҷамъ шудан як-ду рӯз мегузарад.
Писару модар Боборо то беруни дар гусел карданд.
Вақте ки сиёҳии Юнусбобо аз чашм ғоиб шуд, модару писар дарро пӯшида, ба ҳавлӣ баргаштанд.
Сафар рост ба хонаи худ рафт, модари ӯ ҳам аз паси вай даромада, фонуси бистумро, ки дар болои мизи хатнависӣ меистод, даргиронду баъд ба сари оташдон баромад. Шӯълаи зардчатоби фонус хонаи на он қадар калони батартибу озодаро равшан мекард. Дар ду тоқи девор, ки пештарҳо дар он ҷо косаю табақ, ё сандуқу қуттӣ мегузоштанд, ҳоло дар рафчаҳо китобҳои гуногун чида шуда буданд.
Сафар каме дар рӯи хона роҳ гашта, баъд ба кати мулоим дароз кашид. Вай аз болои стуле, ки дар паҳлӯи чапи кат меистод, китоби саҳифаҳояш кушодаи Николай Островский – «Пӯлод чӣ тавр обутоб ёфт» – ро ба дасташ гирифт ва ба хондан сар кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё