Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа
Ҳар ду дар як сол таҳсилро тамом карда, Зебӣ маълумоти миёна, Сафар маълумоти олӣ гирифт ва ҳар дуи онҳоро ба мактаби нопурраи деҳаи худ – Сафарро ба вазифаи директорӣ, Зебиро ба муаллимӣ таъйин карданд.
Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳои таҳсил, махсусан давраи дар як ҷо хизматкунӣ дар муносибати Сафар ва Зебӣ тадриҷан самимияти гувороеро ба вуҷуд меоварданд.
Дар дили ҳар ду ҷавон оташи муҳаббат забона зада, дар фикру хаёли онҳо орзуҳои ширин мисли муғчагон як-як во мешуданд...
Рӯзи дигар аз шаҳр баргаштани Сафар тамоми аҳли Ҷӯйбор ба хизмати аскарӣ рафтани ӯро фаҳмида буданд.
Бошандагони деҳа ба муаллими ҷавони худ муҳаббат ва эҳтироми калон доштанд, бинобар ҳамин бисёр касон аз нохост рафта истодани ӯ бохабар шуда, ба гусели ӯ мешитофтанд.
Дар хонаи Сафарино ҳамин рӯзҳо рафтуои ҳамсояю ҳамдеҳаҳо, ёру дӯстон аз одат берун бисёр шуд.
Бегоҳирӯзӣ Сафар Одинаев корҳои мактабро ба директори нав – Зебӣ супурду ба сӯи вай даст дароз карда гуфт:
– Хуб, акнун иҷозат диҳед, шуморо бо вазифаи нав табрик кунам.
– Табрик накунед ҳам мешавад, ҳоло аз ӯҳдаи кор баромада натавониста, шарманда нашавам ҳам, хуб аст, – ҷавоб дод Зебӣ.
– Шумо аз ӯҳдааш набароед, дигар кӣ мебарояд?
– Масалан, муаллими ботаҷриба, мудири илмиамон Мансуровро монда, ин хел кори бомасъулиятро ба ӯҳдаи шахси ҷавони бетаҷриба гузоштан магар аз рӯи инсоф аст?
– Худи муаллим Мансуров ҳам яке аз тарафдорони асосии номзадии шумо ҳастанд. Ба қавли он кас ин вазифа вазифаи мисли шумо ҷавони зираку чусту чолок ва боғайрат мебошад.
– Ғайр аз ҳамаи ин, ба фикрам, чашми ин корҳоро пешакӣ нағз донистани кас ҳам шарт, муаллим.
– Ҳеҷ кас аз модар яку якбора кордон таваллуд нашудааст, Зебӣ!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё