Зеҳн
Вафо - Фотеҳ Ниёзӣ

Китоби якуми романи «Вафо»-и Нависандаи Халқии Тоҷикистон Фотеҳ ниёзӣ қаҳрамонии ҷанговаронро дар ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳаёти ақибгоҳ тасвир кардааст. Роман ба шарафи 65-солагии Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр мешавад.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 333 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай ба сари суфа омада ба Юнусбобо салом дод ва «Хуш омадед, додар» гуфт. Юнусбобо ҳам саломи ӯро алейк гирифта, ҳолпурсӣ намуд ва чароғро аз дасти ӯ гирифта ба миёнҷо монду ба дилдорӣ додан сар кард.
Сафар бошад, дастархон паҳн мекард.
– Хоҳар, зиёда ғаму ғусса хӯрда, ҳам дили худатон ва ҳам дили писарро хиҷил накунед. Ин кор ҳозир ба сари ҳар як бандаи мӯъмин омадааст. Ана ба укои саркори колхозамон Шарифбой – Қурбон ҳам навакак повиска омад, тракторчии колхозамон, шумо медонед,
– гӯён Бобо ба Сафар муроҷиат кард ва баъд аз «Серёжа» гуфта ҷавоб додани Сафар, Бобо боз ба гап давом карда гуфт, – ҳа – ҳа, ана ҳамон ҳам имрӯз борхалтаашро бардошта ба аскарӣ рафт. Канӣ акнун, ман ҳам мисли инҳо ҷавон бошаму аз ин ҳарбу зарб дар канор намонам. Охир, афсӯс ки ҷавониамон бесамар, шаби торик барин гузашта рафт... – гӯён Юнусбобо пиёлаи чойро аз дасти Сафар гирифт. Баъд аз ин сухани Юнусбобо модари Сафар ҳам дере хомӯш наистода, аз як гӯшаи суфа нишасту:
– Хайр, дар қатори дигарон дар куҷое ки бошад, илоҳӣ танаш сиҳат, умраш боқӣ бошаду лекин дар аснои расидани вақту соати охири умри очааш ба болои саракам омада бо дасти худаш гӯручӯб кунад, – гӯён гиряолуд рози дил кард.
– Шумо чӣ гуфта истодаед, хоҳар, – гуфт Юнусбобо бо табассум ба ин сухани модар эътироз баён карда, – олам гулистон, ҳоло мою шумо то ҷанг тамом шуда, тӯйи ин писарҳоро нахӯрем, аз ин дунё ба куҷо меравем?
– О, додарҷон, шартамон рафта партамон монду тамом... – бо маъюсӣ гуфт модар.
Сафар ба гуфтугӯи куҳансолон бо табассум гӯш дода, баъд вай ҳам илова кард:
– Оча, Бобо рост мегӯянд, ҳоло аз сад гулат нисфаш ҳам нашукуфтааст...
– Акнун ту ҳам гап зан, – гӯён модар ба Сафар нигоҳи тунде кард. – Худат мардаки кап – калони ришу мӯйлабдор шудию ҳоло ҳам бо як сари қоқат мегардӣ.
Ин кинояи модар Сафарро аз ханда боздошт.Мавзӯи сӯҳбат ба хонадоршавии Сафар баргашт.

пешина
аз 333
навбатӣ